Хабарҳои кӯтоҳ

ЯРМАРКАИ ИДОНА ДАР ВКД: БО НАРХҲОИ 30-40% АРЗОНТАР АЗ НАРХИ БОЗОР (3 АКС)

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 7-уми июли соли 2022 бахшида ба Иди саиди Қурбон дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ярмаркаи маҳсулоти хӯрока барои кормандони мақомоти мазкур доир гардид.

Дар ин ярмарка маҳсулоти хӯрока аз қабили гушту биринҷ, равғану тухм, орд, картошкаю пиёз, сабзавот ва дигар маҳсулоти ғизоӣ пешкаши харидорон карда шуд.
“Тамоми ин маҳсулоти хӯрока аз ҳисоби хоҷагиҳои ёрирасони Вазорати корҳои дохилии шаҳру вилоятҳо пешниҳод гардида, нисбат ба бозору марказҳои савдо нархи онҳо 30 то 40 фоиз арзонтар ба фурӯш гузошта шуда буд, ки ин тӯҳфаи хуб бахшида ба Иди саиди Қурбон ба шумор меравад. Ҳамзамон баъзе аз маҳсулотҳои хоҷагии қишлоқ ройгон ба кормандзанони милитсия тақсим карда шуд”, гуфта мешавад дар хабар.

Маркази матбуоти ВКД ёдовар шудааст, ки дар арафаи ҳама гуна ҷашну маросимҳои идона чунин ярмаркаҳо аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ пайваста ташкил гардида, дар онҳо маҳсулоти лозим барои кормандони милитсия ва аҳли оилаи кормандони фавтидаи мақомоти корҳои дохилӣ  бо нархҳои арзонтар аз бозор пешниҳод карда мешавад.
“Дар навбати худ кормадони мақомоти корҳои дохилӣ ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ барои ин амали хайрашон изҳори миннатдорӣ баён намуданд”, гуфта мешавад дар хабар.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button