Дин ва боварҳоМуҳоҷирон

ИБРОҲИМ ИСЛОМОВ АЗ ТОҶИКИСТОН ДАР РӮЗИ ИДИ ҚУРБОН БАРОИ 360 КАС ОШ ПУХТ

Иброҳим Исломов, як зодаи Тоҷикистон, ки аз ҳамроҳи фарзандону набераҳояш аз соли 2015 ба ин тараф дар шаҳри Заинск дар ҷумҳурии Тотористони Русия кору зиндагӣ мекунад, ҳар сол дар рӯзи иди Қурбон барои онҳое, ки барои адои намози ид ба масҷиди ҷомеи ба номи Тоҷиддин Ялчигул меоянд, оши палави хушмазза мепазад. Дар бораи ин ошпази дастбахайри тоҷик нашрияи маҳаллии “Новости Заинска” матлаби ҷолиберо ба нашр расондааст.

Муаллифи ин матлаб Ойгул Ёруллина (Айгуль Яруллина) менависад, 9 июли соли 2022, дар рӯзи иди имсолаи Қурбон ҳам Иброҳим Исломов аз соати яки шаб деги ошашро гирёнд ва барои 360 нафар ош пухт.  Барои пухтани ин оши палав ӯ 14 кило гӯшт, 36 кило биринҷу сабзӣ, 9 литр равған, 5 кило пиёз, 4 кило нахӯд ва дигар маҳсулотро истифода бурдааст.

“Ман бояд то соати чори субҳ ошро мепухтам. Барои он ки оши палав то соати чор омода шавад, ман аз соати яки шаб ба пухтанаш сар кардам. Ин ош барои ҳамаи хоҳишмандон аст”,  – мегӯяд Иброҳим Исломов.

Ӯ афзуд, ки ин оши палавро натанҳо онҳое, ки барои намоз ба масҷид омаданд, балки қишрҳои ниёзманди аҳолии шаҳри Заинску ноҳияи Зай низ мечашанд.

“Мо ин оши палавро ба гӯшаҳои гуногуни ноҳияи Зай бурда, ба беморони бистарӣ, мардуми бехона ва ба фақирон ҳам тақсим мекунем”, – гуфт ошпази тоҷик.

Тибқи суннатҳои исломӣ, дар рӯзҳои таҷлили иди Қурбон, мусалмонон бояд гӯшти чорвои қурбонӣ ва дигар зиёфати идонаи худро бо мардуме, ки дар вазъи сангин қарор доранд, тақсим кунанд.

Иброҳим Исломов аз Тоҷикистон аст ва дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ дар шаҳри Заинску ноҳияи Зай ҳамеша фаъолона иштирок мекунад ва ба қавле, дар ҳар маърака бо дегу кафлезаш омодати хидмат ба мардум аст. Худи ӯ ба   “Новости Заинска” гуфтааст, ки дар як оилаи серфарзанде ба воя расидааст, ки дар оилаашон оростани дастурхони бузурги идона барои хешу табори сершумориашон як амри роиҷ буд ва аз ин рӯ, барои ӯ ҳам тайёр кардани зиёфат барои шумори бузурги меҳмонон як кори одист.

Заинск як шаҳри хурдест, ки дар ҷумҳурии Тотористони Русия дар соҳили дарёи Степной Зай дар фосилаи 287 километр дар шарқи шаҳри Қазон ва 50 километр ҷанубтари Нижнекамск ҷойгир шудааст.  Дар шаҳри Заинск тақрибан 40 ҳазор нафар ва дар ноҳияи Зай 54 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунанд. Солҳои охир инҷоро даҳҳо муҳоҷири тоҷик низ ба ҳайси макони кору зиндагии худ интихоб кардаанд.

Плов на 360 человек: жителей Заинска угостили пловом в день празднования Курбан-байрам

Айгуль ЯруллинаНовости Заинска

Ежегодно, в день празднования священного праздника для всех мусульман Курбан-байрам, Ибрахим Исломов угощает вкусным пловом всех, кто пришел на праздничный намаз в центральную мечеть имени Тажетдина Ялчыгола.

В этом году он приступил к приготовлению плова 9 июля в час ночи. Для того, чтобы приготовить плов на 360 человек ему понадобилось: 14 кг мяса, 36 кг риса и моркови, 9 литров масла, 5 кг лука, 4 кг нута и специй.

– Стоит задача приготовить плов к 4 часам утра. Чтобы успеть, я начал готовить в час ночи. Этот плов предназначен для всех желающих, – говорит Ибрахим Исломов.

Пловом угостят не только тех, кто пришел к мечети, а также всех нуждающихся жителей Заинского района. 

 Мы будем развозить плов и организуем раздачу в разных уголках Заинского района, чтобы накормить лежачих больных, бездомных, бедных людей, – говорит он.

По традиции, в дни празднования Курбан-байрам, нужно делиться мясом жертвенного животного, а также другими угощениями с людьми, оказавшимися в трудной жизненной ситуации.

Отметим, что сам Ибрахим Исломов принимает активное участие на различных городских праздничных мероприятиях, где также угощает всех желающих вкусным пловом. Он живет в Заинске с 2015 года вместе с сыновьями и внуками, которые во всем ему помогают. Ибрахим Исломов родом из Таджикистана. По его словам, он рос в большой семье, где принято накрывать большие столы для многочисленных родственников. Поэтому ему не сложно готовить восточное угощение для большого количества людей.

Фото автора

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button