МАРГИ ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР ЯК СОХТМОН ДАР КАНОРИ ШАҲРИ ПЕТЕРБУРГ

Рӯзи 1 июли соли 2022 дар як сохтмон дар шаҳраки Кудровои ноҳияи Всеволожский дар канори шаҳри Санкт-Петербурги Русия ҳангоми кандани чуқурӣ (траншея) як шаҳрванди 30-солаи Тоҷикистон ба чуқурӣ афтода, зери бораи хок мондааст. Дар натиҷа ин ҷавони тоҷик дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ҷасади ӯро барои ташхис ба мурдахона (морг) бурдаанд.

Қазияро пулис тафтиш мекунад. Тафсилоти дигар феълан дастрас нест. Танҳо муайян кардаанд, ки ин ҷавон тоза ду моҳ пеш: 29 апрел аз Тоҷикистон ба Русия барои кор омада буд ва дар шаҳри Петербург сабти ном дошту дар сохтмон ба ҳайси васлгар (монтажник) кор мекард.

Ҳодисаи нохуш дар хиёбони Строители, бинои 2, дар паҳлуи фурӯшгоҳи бузурги “Дибенко” ва ҳипермаркети “Ашан рӯй додааст.

Дар ҳафтаи ҷорӣ ин танҳо ҳодисаи нохуш барои муҳоҷирони тоҷик дар Русия нест.

Тавре қаблан хабар додем, субҳи 30 июни соли 2022 бар асари як ҳодисаи нохуш дар як сохтмон дар шаҳри Иркутски Русия ду муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон аз боми як бинои чорқабата ба замин афтоданд. Яке аз наздикони ин муҳоҷирон ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар дод, ки дар натиҷаи ин ҳодисаи нохуш ду амакбача аз деҳаи Қалъаи Лаби Оби ноҳияи Тоҷикобод: Маҳмадёр Маҳмадов, соли таваллудаш 1994 ва Маҳмадов Меҳроб, соли таваллудаш 1992 ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд.

“Мутаассифона, Маҳмадёр дар роҳ ба беморхона бар асари ҷароҳатҳои вазнини бардоштааш ҷон ба Ҳақ таслим кардааст. Вазъи Меҳроб хубтар аст. Ӯро бо ду пойи шикаста дар беморхона бистарӣ кардаанд”, – хабар дод ҳамсуҳбати “Бомдод”. Бино ба иттилои ӯ, ҳоло хешу табору дӯстони Маҳмадёр бо кумаки ҷамъияти муҳоҷирони тоҷики шаҳри Иркутск  санадҳои ӯро барои интиқоли ҷасадаш ба Тоҷикистон дуруст карда истодаанд.

Ҳар сол дар Русия ба иллатҳои гуногун ва асосан ба сабаби ҳодисаҳои нохуш дар ҷои кору ҷои зист то 1000 муҳоҷири тоҷик, аксаран ҷавонон, ба зиндагӣ падруд мегӯянд. Яъне ҳар рӯзи муҳоҷират ҷони то се муҳоҷири тоҷикро мегирад…

Худованд ҳамаи муҳоҷирбачаҳои шаҳидшудаи тоҷикро раҳмату мағфират кунад!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button