Рӯйдодҳои БадахшонХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ ДУХТАРИ ДОНИШҶӮ ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ “ЧАНХУ” ДАР ХОРУҒ

Раёсати ВКД дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  хабар дод, ки шоми 10 июни соли 2022 дар як садамаи марговар дар шаҳри Хоруғ духтари донишҷӯ зери чархи мошини тамғаи “Чанху” монда, ҷон бохтааст. Рангина Муродова, донишҷӯи коллеҷи тиббии Хоруғ, ки аз ноҳияи Мурғоб барои таҳсил ба маркази вилоят омада буд, ҳамагӣ 19 сол доштааст.  

Бино ба иттилои милитсия, шоми 10 июн, тахминан соати 20:57,  ронандаи автомашинаи тамғаи «Чанху», рақами қайди давлатиаш 6454АА04, Салимшоев Баҳром Салимшоевич, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Хоруғ, кӯчаи Н.Атобек дар ҳолати мастӣ  ба сари чанбари фармони мошин нишаста, ҳангоми убури пули байни маҳаллаҳои Хоруғи боло ва Бойнӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Муродова Рангина, соли таваллудаш 2003, сокини ноҳияи Мурғоб, донишҷӯи Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғро пахш намудааст.

Дар натиҷа, Рангина ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Дар робита ба ин ҳодиса нисбат ба ронанда Салимшоев Баҳром тибқи талаботи моддаи 212 Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ронанда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Тафтиши ин садама идома дорад.

Ба ронанда бар асоси қисми дуюми моддаи 212 барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон, расонидани зарари вазнин ба саломатии инсон гаштааст, ҳамчун ҷазо аз 3 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо пурхатар дониста мешаванд. Бино ба омори расмии ВКД Тоҷикистон, соли 2021 бар асари 1102 садамаи нақлиётӣ  дар роҳҳои ҷумҳурӣ 395 нафар ба ҳалокат расида, 1 218 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд. Суръати баланди ҳаракат ва риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ҳамчунин роҳҳову мошинҳои фарсуда аз иллатҳои умдаи садамаҳо, аз ҷумла садамаҳои марговар дар роҳҳои Тоҷикистон ном бурда мешаванд. Вақтҳои охир ҳангоми рондани мошин истифода бурдани телефонҳои мобил ба як сабаби дигари умдаи садамаҳо, аз ҷумла садамаҳои марговар табдил ёфтааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button