САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ВОСЕЪ ВА ҚАЛЛОБИИ СОКИНИ ҲИСОР БА МАБЛАҒИ НИМ МИЛЛИОН

Субҳи 8-уми июни соли 2022, тахминан соати 06:30, як пиёдагарди ноболиғи 16-сола дар роҳи байни деҳаи Кадучӣ ва шаҳраки Ҳулбук зери чархи “Опел” ҷон бохтааст. Ҳар сол бар асари садамаҳо дар Тоҷикистон то 400 нафар ҳалок ва беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

хххххххххххххххх

Сокини 53-солаи Ҳисор ба он гумонбар мешавад, ки 5 ва 7 июни соли 2021 аз ду сокини ноҳияи Рӯдакӣ ду мошини тамғаи «Лексус-460» ва Тойота Алфард»-ро 368 ҳазор ва 140 ҳазор сомонӣ нарх карда гирифтааст, вале як сол боз пули онҳоро надодааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 9 июни маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ба ҳалокат расидани пиёдагарди ноболиғ дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ

016

8-уми июни соли 2022, тахминан соати 06:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Ҳамидова Ҷамила Ҳикматовна, соли таваллудаш 1961, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Кадучӣ ба самти ҷамоати шаҳраки Ҳулбук, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада, пиёдагарди ноболиғ, Муҳаммадҷони Раҷабалӣ, соли таваллудаш 2006, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа ноболиғ Муҳаммадҷони Р. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

о роҳи қаллобӣ аз худ намудани маблағи шаҳрвандон

i 1

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 37-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст, ки 5-уми июни соли 2021, марди 53-солаи сокини шаҳри Ҳисор ба бовариаш даромада, аз ӯ як адад автомашинаи тамғаи «Лексус-460»-ро ба маблағи 368 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати 10-шабонарӯз маблағашро медиҳад, аммо то ҳол барнагардонидааст.
Ҳамин тариқ, номбурда 7-июни соли 2021, бо роҳи фиреб ба боварии марди 32-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ даромада, аз ӯ як адад автомашинаи тамғаи «Тойота Алфард», ки арзишаш 140 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, гирифта, фурӯхта, маблағашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button