Хабарҳои кӯтоҳҲодиса

БОШҚИРДИСТОН БА ТОҶИКИСТОН ДУ МОШИНИ МАҲБУСКАШОН (АВТОЗАК) ДОД (8 АКС)

УФСИН, Идораи зиндонҳои ҷумҳурии Бошқирдистони Русия рӯзи 31 май ба идораи зиндонҳои вазорати адлияи Тоҷикистон ду мошини маҳбускашон (автозак) дод. Ин мошинҳо дар асоси мошинҳои КамАЗ сохта шудаанд.  Маросими  супурдани ин мошинҳо дар маҳбаси № 9  дар шаҳри Уфа доир шуд.

 “Ҳар кадоми ин мошинҳои махсус бо кондитсионер, ҳавокаш ва барномаи ГЛОНАСС муҷаҳҳаз гардонда шудааст. Ҳамчунин дар даруну беруни мошинҳо видеокамера насб карда шуда, автозакҳо бо биотуалет низ муҷаҳҳаз гардонда шудаанд, ки ин интиқоли машбусонро осонтар мекунад”, — хабар додааст хадамоти матбуоти идораи зиндонҳои Бошқирдистон.

Ёдовар мешавем, 7 июли соли 2019 ҳангоми интиқоли 128 маҳбус аз вилояти Суғд ба Душанбе дар мавзеи Майхӯраи ноҳияи Варзоб 14 маҳбус ба таври мармуз ҳалок шуданд. Идораи зиндонҳо гуфт, ки маҳбусон гӯё аз истеъмоли як нони заҳролуд ҷон бохтаанд. Вале ин фарзия ҳам вуҷуд дошт, ки эҳтимолан маҳбусон дар он ҳавои гарми тоқатфарсои тобистон дар даруни автозак нафасгир шудаанд.

Дар маросими супурдани мошинҳо дар маҳбаси Уфа сардори идораи зиндонҳои Бошқирдистон Владислав Дзюба, муовини сарвазири ин ҷумҳурӣ Ирек Сагитов, муовини президенти Палатаи савдою саноати Бошқирдистон Николай Арбузов ва аз ҷониби Тоҷистон – муовини сардори идораи зиндонҳои ин кишвар Илҳом Маҳмудзода, муовини фармондеҳи қисми низомӣ оид ба техника Зиёвиддин Маҳмадиев, сардори парки мошинҳо Сафармаҳмад Юсупов, фармондеҳи взводи мошинҳо Беҳрӯз Усмонов ва мутахассиси аршад оид ба фанновариҳои компютерии идораи зиндонҳои Тоҷикистон Ашӯр Асадуллоев иштирок кардаанд.

Ҳайъати Тоҷикистон зимни ин сафар аз ду маҳбаси № 3 ва № 9 низ дидан карда, дар ин маҳбасҳо бо шароити зисти маҳбусон ошно шуда, аз хобгоҳҳо, ошхона, китобзона, намозхонаҳо, калисо ва масҷиди барои маҳбусон сохташуда, ҳамчунин аз коргоҳҳои дӯзандагӣ, маҳсулоти ширӣ, оҳангудозӣ боздид кардаанд.

Идораи зиндонҳои Бошқирдистон гуфт, аз соли 2010 то 2021 дар маҳбаси №7 алакай 1298 мошинҳои махсуси дар заминаи «КамАЗ», «ГАЗ» «Валдай», ГАЗон Next ва ГАЗел Next сохташуда тавлид кардаанд. Аз ин шумор 7 мошинро солҳои 2017 ва 2019 ҳатто ба Куба содирот кардаанд. Ҳар сол дар зиндонҳои Бошқирдистон ба маблағи беш аз як миллиард рубл маҳсулот истеҳсол мекардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button