ЯК ЗАН МЕХОСТ ПУЛҲОИ ҚАДИМАРО АЗ РУСИЯ БА ТОҶИКИСТОН БАРАД (2 АКС)

Шуъбаи робита бо ҷомиаи раёсати боҷхона ё гумруки минтақаи Сибири Русия рӯзи 17 майи соли 2022 хабар дод, ки кормандони боҷхонаи фурудгоҳи “Толмачёво”-и шаҳри Новосибирск аз як кӯшиши аз Русия баровардани пулҳои қадима пешгирӣ кардаанд.

Бино ба ин манбаъ, кормандони боҷхонаи фурудгоҳи “Толмачёво” ҳангоми тафтиши бағочи мусофирони парвози Новосибирск-Душанбе ду пули қадимаи даврони империяи подшоҳии Русия– як пули арзиши номиналиаш «1 рубл», барориши соли 1898 ва як пули арзиши номиналиаш «3 рубл», барориши 1905-ро пайдо кардаанд. Гуфта мешавад, ин пулҳои қадимаро як зани 53-солаи шаҳрванди Тоҷикистон мехост бидуни эъломияи гумрукӣ бо худ барад. Ин зан ба кормандони боҷхона гуфтааст, ки ин пулҳои даврони Русияи подшоҳӣ ба вай мерос мондааст.

Ташхиси пулҳои мусодирашуда баъдан нишон дод, ки ин ду пул беш аз як аср пеш: байни солҳои 1912-1917  бароварда шуда, молҳои дорои арзиши таърихӣ шомил мешаванд. Аз қаламрави Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё ва Русия берун бурдани чунин молҳои таърихӣ бояд тибқи тартиби махсус ва бо иҷозати мақомот сурат бигирад.

Пулҳои таърихиро то судури қарори додгоҳ мусодира карда, нисбат ба зани тоҷикистонӣ бар асоси ду моддаи Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Русия: 16.2 (нодуруст эъломия кардани молҳо( ва 16.3 (риоя накардани маҳдудиятҳо дар роҳи берун баровардани молҳо) ду парвандаи маъмурӣ кушодаанд. Ба ӯ ҷаримаи ҳангуфт ва мусодираи пулҳои қадимааш таҳдид мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button