ЯК ҶАВОН ДАР МАСТЧОҲ ВА ЯК КӮДАК ДАР ФАРХОР ҒАРҚ ШУДААНД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз ғарқ шудани як ҷавони 19-сола дар ноҳияи Мастчоҳ ва як кӯдаки 12-сола дар ноҳияи Фархор хабар дод.

Бино ба иттилои ин ниҳод, як сокини 19-солаи ҷамоати Обшорони ноҳияи Мастчоҳ дар оби канали ин ноҳия ғарқ шуддаст. Сабаби марги ӯро шиновариро натавонистани марҳум мегӯянд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодда гуфт, имдодгарони ин ниҳод ба ҷойи ҳодиса расида, корҳои ҷустуҷӯиро ба роҳ мондаанд ва ҷасади ғарқшударо дар мавзеъи минтақаи насоси обкашии №1  дар ҳудуди  ҷамоати шаҳраки Бӯстон пайдо карда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд.

Ҳамчунин субҳи барвақти 7 майи соли 2022, тахминан соати 05:20, сокинон дар деҳаи Некманзари ҷамоати Хуросони ноҳияи Фархор ҷасади як писарбачаи 12-соларо пайдо кардаанд. Ин писарбача рӯзи 30-уми апрели соли равон дар канали ЛР 18-и деҳаи Сайф Раҳими ҷамоати Деҳқонободи ноҳияи Фархор ба сабабҳои номаълум ғарқ шуда буд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда қаблан хабар дод, ки танҳо дар рӯзи иди Рамазон, 2 майи соли 2022, дастикам 6 кӯдак ғарқ шудаанд. Аз ин шумор 4 нафарро наҷот додаанд, вале як тифли даҳсола дар Бохтар ва як кӯдаки шашсола дар Ҳисор ҷон додаанд. Ҷустуҷӯи тифли дар канали Ҳисор ғарқшуда то ҳол натиҷа надодааст.

Бино ба омори расмӣ, дар  соли 2021 дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон 155 нафар ҷон бохтаанд, ки ин назар ба 107 нафари дар соли 2020 ғарқшуда 48 нафар, ё наздики 45% бештар мебошад.

Аз онҳое, ки соли 2021 дар кӯлу дарёҳо ҷон бохтанд,  синни  33 нафар аз аз 35 боло ва 47 нафар мардумони аз 17 то 35-сола  буда, 75 нафари дигар ноболиғон будаанд. Аз ҷумла соли гузашта  15 кӯдаки то синни 4, 21 кӯдаки синнашон аз 5 то 10 ва 39 навраси аз 11 то 16-сола дар кӯлу дарёҳо, асосан ҳангоми оббозӣ ё убури ягон ҷӯйбору канал ё дарё ба ҳалокат расидаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button