БОЗДОШТИ ШАҲРВАНДИ ӮЗБЕКИСТОН БО 18 600 ДОЛЛАР ДАР МАРЗ БО ТОҶИКИСТОН (2 АКС)
Шаҳрванди Ӯзбекистон О.Б. дар гузаргоҳи Ҷартеппа ҳангоми убури марзи Ӯзбекистон бо Тоҷикистон бо маблағи бузурги асъори хориҷӣ дастгир шудааст. Гузаргоҳи Ҷартеппа дар марзи ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд бо ҷамоати Саразми шаҳри Панҷакент ҷойгир шудааст.
Пойгоҳи хабарии ӯзбекии “Даракчӣ” бо такя ба раёсати боҷхонаи вилояти Самарқанд хабар дод, ки “ҳангоми гузаштан аз роҳрави “сабз” маълум шуд, ки сокини Ӯзбекистон мехост, 18 ҳазору 600 доллари Амрико (муодили 207,9 миллион сӯм)-ро ба таври ғайриқонунӣ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон гузаронад”.
Дар ҳоли ҳозир, ин қазияи кӯшиши қочоқи маблағи бузурги асъори хориҷӣ аз Ӯзбекистон ба Тоҷиктстон дар дасти баррасии мақомоти боҷхонаи вилояти Самарқанд қарор дорад.
Гузаргоҳи Ҷартеппа – Саразм дар даврони роҳбарии президенти худхоҳу худкомаи Ӯзбекистон Ислом Каримов дар тӯли солҳои зиёд баста буд. Баъди марги Каримов ва ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев равобити Тошканду Душанбе рӯ ба гармӣ овард ва аз ҷумла ҳамаи гузаргоҳҳои басташуда дар марзи ду кишвар аз нав боз карда шуданд. Гузаргоҳи Ҷартеппа – Саразм низ соли 2018 аз нав дарҳои худро боз кард.
Дар давраи пандемияи коронавирус дар роҳи равуои шаҳрвандон дар марзҳои Ӯзбекистон бо кишварҳои дигар, аз ҷумла бо Тоҷикистон маҳдудиятҳои ҷиддӣ ҷорӣ шуда буд. Вале аз 15 марти соли 2022 ин маҳдудиятҳо бардошта шуданд ва гузаргоҳҳо дар марз бо Тоҷикистон, аз ҷумла гузаргоҳи Ҷартеппа низ ба низоми оддии фаъолият баргаштанд.