НАҚШАИ ДАЪВАТ БА АРТИШИ ТОҶИКИСТОН ДАР МОҲИ АПРЕЛ 70% ИҶРО ШУДААСТ

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон рӯзи 3 май бо натиҷагирии як моҳи аввали мавсими баҳории даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ хабар дод, ки дар моҳи апрел нақшаи даъват дар саросари ҷумҳурӣ алакай 70 иҷро шудааст.

Фаридун Маҳмадализода, сардори маркази матбуоти вазорати мудофиа гуфт, пешсаф Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст, ки инак 4 сол боз ҳамаи шаҳру ноҳияҳояш аввалин шуда, алакай дар рӯзи аввали даъват аз иҷрои нақша гузориш медиҳанд.

Маҳмадализода гуфт, то 1 май алакай 35 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон аз иҷро шудани нақшаи даъват ҳисобот додаанд.

Бино ба омори расмии вазорати мудофиа, то 1 май нақшаи даъват дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар умум беш аз 70% иҷро шуда, аз байни онҳо ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Сангвор ва Тоҷикободу Лахш алакай дар рӯзи аввали даъват: 1 апрел аз анҷоми даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ гузориш доданд.

Ҳамин тавр, дар як моҳи аввал дар вилояти Хатлон нақшаи даъват наздики 70% иҷро шуда, дар ин минтақа ноҳияҳои Н. Хусрав, Ш. Шоҳин, Фархор, Балҷувон ва ноҳияи Данғара даъвату гусели ҷавонписарони синни даъватиро  алакай ба анҷом расонидаанд.

Дар вилояти Суғд иҷрои нақшаи даъват то 1 май 55 фоизро ташкил дода, шаҳру ноҳияҳои Бӯстону Шаҳристон ва Кӯҳистони Масчоҳ иҷрои нақшаро аллакай пурра  таъмин кардаанд.

Даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳар сол ду маротиба: дар баҳор аз 1 апрел то 31 май ва тирамоҳ аз 1 октябр то 30 ноябр давом мекунад.

Ҳар мавсими даъват ба артиш дар Тоҷикистон ҳамроҳ бо шикоятҳо аз “облава” ё “сарбозшикор” ҷараён мегирад.  “Облава” як шеваи аслан ғайриқонуниест, ки кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ ва мақомоти маҳаллӣ ҷавонони синну соли даъватиро дар кӯчаю бозорҳо дастгир карда, ба хидмат мефиристанд. Дар бисёр маврид хешу табори ҷавонони “облава” –шуда танҳо баъди чанд рӯз хабар меёбанд, ки наздикони гумшудаашонро ба артиш бурдаанд.

Мавсими кунунии даъват низ аз шикоятҳо дар бораи “сарбозшикор” истисно набуд. Дар тӯли моҳи апрел дар Интернет чандин видеои лаҳзаҳои маҷбуран дар кӯча доштану ба комиссариат бурдани ҷавонон нашр шуд.

Фаъолони ҷомиаи шаҳрвандӣ  пайваста аз роҳбарони Тоҷикистон даъват мекунанд, ки ба ин таҷрибаи “облава”, ки обрӯи давлатро мерезонад, нуқта гузоранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button