ТАҶАММӮИ САДҲО НАФАР БАРОИ ШУНИДАНИ МАВЪИЗАИ ЭШОНИ НУРИДДИНҶОН ДАР ШАБИ ҚАДР (ВИДЕО)

Шаби 27 ба 28 апрел, ки шаби Қадр буд, садҳо намозгузор аз деҳоти гуногуни шаҳри Ваҳдат, ҳамчунин аз шаҳри Душанбе ва дигар гӯшаҳои водии Ҳисор барои шунидани мавъизаи Эшони Нуриддинҷон Тӯраҷонзода дар масҷиди “Муҳаммадия”, ки бародарон Тӯраҷонзодаҳо дар зодгоҳашон деҳаи Ваҳдатобод (собиқ Туркобод) дар ҷамоати ба номи Карим Исмоилов дар канори шаҳри Ваҳдат бунёд кардаанд, гирди ҳам омаданд.

Ба гуфтаи намозгузорон, ки барои адои намози таровеҳ ба масҷиди “Муҳаммадия” мераванд,  ҳар рӯз барои хондани  намози таровеҳ таҳти имоматии Эшони Шарафҷон, фарзанди Эшони Нуриддинҷон, дар ин масҷид садҳо нафар аз деҳоти Ваҳдат ва манотиқи дигар ҷамъ мешаванд.

Намозгузорон мегӯянд, фарқи намози таровеҳ дар масҷиди “Муҳаммадия” ин аст, ки он дуюним соат давом мекунад ва дар ҳар намози таровеҳ хатми “Қуръон” мекунанд. Сабаби дигари барои намози таровеҳ ба ин масҷид рафтани мардуми зиёд суҳбатҳои Эшони Нуриддинҷон аст, ки ҳар шаб қабл аз намози таровеҳ 20-25 дақиқа амри маъруф мекунад.

Масҷиди “Муҳаммадия”, ки яке пуртарафдортарин масҷидҳои Тоҷикистон ба шумор мерафт, соли 2012 бо баҳонаи баргузории маросими Ошӯро  аз мақоми масҷиди ҷомеъ маҳрум гардонда шуда, ба масҷиди панҷвақта табдил дода шуд. Бисёриҳо то ҳол бар инанд, ки ҳадафи ин иқдом пешгирӣ аз таҷаммӯи ҳазорон намозгузор дар намозҳои ҷумъа дар ин масҷид ва аз минбар барои ироаи мавъизаҳояшон маҳрум кардани бародарон Тӯраҷонзодаҳо буд.

https://youtube.com/shorts/g089FS9ilHs

Эшони Нуриддинҷон Тӯраҷонзода, фарзанди калонии Эшони Тӯраҷон 20 марти соли 1953 дар деҳаи Туркобод (ҳоло – Ваҳдатобод)-и ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳоло – Ваҳдат) ба дунё омадааст. Эшони Нуриддинҷон ибтидо дар назди бобояш домулло Абдусамади Ромитӣ Қуръонро аз бар карда, сипас дар пеши Домулло Мирзо Тоҳири Ромитӣ илми фиқҳро омӯхтааст.

Эшони Нуриддинҷон дар даврони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон 6 сол – аз соли 1992 то 1998 – дар Қазоқистон зиндагӣ карда, баъди имзои созишномаи сулҳ ба Ватан баргашт.

Эшони Нуриддинҷон баъди бозгашташ имоматии масҷиди “Муҳаммадия”-ро, ки хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо дар зодгоҳашон бунёд карданд, ба дӯш гирифт ва ин масҷид то замони баста шуданаш дар соли 2012 яке аз пурнамозгузортарин масҷидҳои Тоҷикистон ба шумор мерафт. Ҳар рӯзи ҷумъа барои адои намоз ва шунидани мавъизаҳои Эшони Нуриддинҷону бародари хурдиаш Эшони Маҳмудҷон ҳазорон нафар аз саросари Тоҷикистон ба масҷиди “Муҳаммадия” меомаданд.

Ӯ ҳамин тавр, баъди даргузашти падараш Эшони Тӯраҷон пири яке аз тариқатҳои ҷаҳрияи аҳли тасаввуф интихоб шуд ва раҳбарии муридони хонаводаашонро ба дӯш гирифт.

Соли 2012 масҷиди ҷомеи “Муҳаммадия” бо баҳонаи баргузории маросими Ошӯро бо ҳукми додгоҳ баста шуд. Талоши Тӯраҷонзодаҳо барои тавассути даъвоҳои додгоҳӣ барқарор кардани мақоми ин масҷид, ки ба масҷиди панҷвақта табдил дода шуд, натиҷа надод ва Эшони Нуриддинҷон ва ҳамин тавр, дигар намояндагони хонаводаи Тӯраҷонзода аз минбари масҷид маҳрум шуданд.

Тӯраҷонзодаҳо баъди танг шуданашон аз минбари масҷидҳои расмӣ дар Интернет барои ҳифзи тамос бо пайравони худ сомонаи “Тӯраҷон”-ро боз карда буданд. Вале дастрасӣ ба ин сомонаро низ тақрибан се сол боз масдуд кардаанд.

Эшони Нуриддинҷон, ки 12 фарзанд дорад, чанд сол боз дар зодгоҳаш – Ваҳдатобод – гӯшанишиниро ихтиёр кардааст ва дар маҳзари ом ками дар кам зоҳир мешавад. Ӯ аз рафтан ба маъракаҳои мардум низ ҳаддалимкон худдорӣ мекунад, то ки ҳузури ӯ барои муридонаш сабаби эҷоди мушкил бо мақомот нашавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button