ҶОНОВ САИДАМИД! ТОҶИКҲОРО ШАРМАНДА НАКУН!

Юсуфҷон Аминов,  раиси Маркази фарҳангии тоҷикони шаҳри Алмаатои Қазоқистон дар саҳифааш дар Фейсбук аз як шаҳрванди Тоҷикистон бо номи Ҷонов Саидамид Тӯйчиевич, санаи таваллудаш якуми августи соли 1993, хостааст, ки бо фирори худ тоҷикҳоро шарманда накунад. Юсуфҷон Аминов аз боқӣ тоҷикҳое, ки Саидамид Ҷоновро мешиносанд, низ хостаанд, то ин паёмро ба ӯ бирасонанд, ки бо вай дар тамос шавад.

Бино ба нақли раиси Маркази фарҳангии тоҷкони Алмаато, Ҷонов Саидамид дар як ширкати Яндекс мошин ба иҷора гирифта, рӯзи 27 феврали соли 2022 он мошинро дар як тасодуф дар Бурундай (шаҳраки Боралдай дар ҳудуди ноҳияи Илеи вилояти Алмаато) мезанад. Гӯё Ҷонов қоидаҳои роҳро дағалона  вайрон карда, ба самти муқобили ҳаракат баромадааст ва дар натиҷа дучори тасодуф шудааст. Баъди он садама ӯ шиносномаашро бо забонхаташ ба дасти соҳиби мошин дода, таъмири мошинро бар зиммаи худ гирифтааст. Ҷонов Саидамид гуфтааст, ба ман 1 моҳ мӯҳлат диҳед, ман мошинро таъмир хоҳам кард. Вале он як моҳ ҳам гузашту аз таъмири мошин дараке нест. Ба болои ин, аз аввали апрел худи Саидамид Ҷонов низ бедарак шудааст.

Юсуфҷон Аминов менависад: “Ин амали Саидамид дар оянда боиси дарди сари дигар ронандаҳои  тоҷики Яндекс хоҳад шуд.

 Лутфан ин пайғомро ба ҳамаи тоҷикони шаҳри Алмаато ва шиносон бифиристед!

Биёед, даст ба дасти ҳам дода коре кунем, ки барои як кас, чандин ронандаи дигар аз ҷои кор намонанд. Ва ҳамаро мисли Саидамид наҳисобанд.

Саидамид! Агар ин пайғомро мехонӣ, бо ман дар тамос шав! Фақат мошини ин ширкатро таъмир кун, тамом!

Ғайр аз ту чандин тоҷик дар онҷо кор мекунад.

Агар қазия ғайр аз ончи ки ба ман муроҷиат карданд, бошад. Ба ман занг зада, масъаларо фаҳмон!

Шояд ба кумак ниёз дошта бошӣ!

Аз Саидамид Ҷонов хоста шудааст, ки ҳарчӣ зудтар бо рақами: +77015856665  бо Аминов Юсуфҷон Амонович, раиси Маркази фарҳангии тоҷикони шаҳри Алмаато дар тамос шавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button