ДАРГУЗАШТИ РУСТАМ НАБИЕВ, ПИСАРИ ХУРДИИ ПРЕЗИДЕНТИ СОБИҚ РАҲМОН НАБИЕВ

Рустам Набиев – писари хурдии президенти дуюми Тоҷикистон Раҳмон Набиев субҳи 25 апрел дар шаҳри Хуҷанд аз олам чашм пӯшид. Дар ин бора дар Фейсбуке духтари ягонаи Набиев Мунаввара Набиева хабар дод. Ӯ дар бораи сабаби марги додараш чизе нанавиштааст. Мунаввара Набиева танҳо ҳамин қадар навиштааст ки: “Ҷои додарам Ҷаннат шавад! Худованд раҳмат кунад…”

Бахтиер Сатторӣ, аз дӯстони наздики Рустам Набиев, хабар дод, ки намози ҷанозаи марҳум рӯзи 26 апрел, соати 11:00, дар орогомҳи Гумбази қошуқи шаҳри Хуҷанд доир мешавад.

Ӯ навишт, Рустам Набиев ссоҳибкори дастбахайре буд ва тоза 11 апрели соли ҷорӣ, дар солгарди марги падараш ба ятимхонаи Хуҷанд маҳсулоти хӯрокворӣ хайр карда буд.

Бахтиер Саттори

Инно Лиллохи

Ва Инна Илайхи Роджиун!

Поистине, принадлежим мы Аллаху, и к Нему возвращаемся!

Сегодня утром ушел из жизни мой друг, Рустам Рахмонович Набиев.

Человек цельного характера, с крепкими принципами, он всю свою недолгую жизнь делал добро людям. Будучи руководителем крупнейшей компании “Зухро”, предтечи “Газпром-нефть Таджикистан”, Рустам многое сделал для государства. Он многие годы негласно помогал детским домам, приютам, просто нуждающимся. Вот и недавно, в годовщину смерти своего отца, Первого Всенародно избранного Президента Рахмона Набиевича Набиева 11 апреля он прислал детскому дому в Худжанде продукты питания.

Сегодня в доме его отца собираются люди, родственники, его друзья, товарищи. У нас всех невосполнимое горе. Осталась дочь. Теперь ей жить. И продолжать добрые дела отца. Так, как это делал Рустам по завету своих великих родителей.

Джаноза состоится 26 апреля на кладбище Гумбази кошук в 11.00.

Раҳмон Набиев соли 1930 ба дунё омада, ду дафъа роҳбари аввали Тоҷикистон шудааст – солҳои 1982 -1985 ба ҳайси котиби якуми кумитаи марказии ҳизби он вақтҳо  ҳокими коммунист (КПСС) ва дар тирамоҳи соли 1991 ба ҳайси дуюмин президент ва нахустин президенти дар овоздиҳии умумихалқӣ интихобшудаи ҷумҳурӣ. Вале раёсати дуюми Набиев дер давом накард ва алакай моҳи сентябри соли 1992, ки Тоҷикистон алакай ба гирдоби ҷанги хунини шаҳрвандӣ фурӯ рафта буд, Набиевро  бо муҳофизонаш дар фурудгоҳи Душанбе як гуруҳи силоҳбадастон асир гирифтанд ва водор карданд, ки дар ҳамон фурудгоҳ аризаи истеъфояшро бинависад.

Набиев 7 моҳ баъди барканориаш аз мақом, 11 апрели соли 1993 дар синни 62 аз олам чашм пӯшид. Иллати расмии марги ӯ сактаи қалб эълон шуд, вале фарзандони Набиев ба фарзияи расмии марги ӯ ҳамеша шубҳа доштанд.

Аз Раҳмон Набиев 3 фарзанд: 2 писар – Рашид ва Рустам ва як духтар Мунаввара боқӣ монд.

Рашид Набиев ҳанӯз соли 1997 дар як шароити то ҳол мармуз дар синни ҳамагӣ 33 вафот кард.

Ҳамсари Набиев — Майрам Сайдуллоевна Набиева 28 декабри соли 2017 ба таври фоҷиавӣ ҳангоми сӯхтор дар манзили зисташон дар шаҳри Хуҷанд ҷон бохт.

Бо марги Рустам Набиев, аз фарзандони президенти собиқи Тоҷикистон танҳо духтари 62-солааш Мунаввара Набиева боқӣ монд. Мунаввара ҳамсари собиқи овозхони шинохта Далер Назаров ва номзади илмҳои иқтисодӣ буда, солҳои зиёд дар Академияи илмҳо кор кардааст.

Ӯ дар Душанбе ба сар мебарад ва солҳои охир бо додараш Рустам бар сари хонаи падараш судбозӣ дошт. Хонаи Набиенв дар маркази Душанбе, дар ҳамсоягии хонаҳои президенти кунунии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, шоира Гулрухсор ва собиқадори ҳизби коммунист Низорамоҳ Зарипова ҷойгир шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button