ХУШХАБАР БАРОИ МУҲОҶИРОН: ҚУРБИ РУБЛ ДАР ТОҶИКИСТОН ТО 160 СОМОНӢ БОЛО РАФТ

Бонки миллии Тоҷикистон қурби расмиии пули Русияро боз боло бурд. Қурби 1000 рубли русӣ барои муомилаҳои молиявии рӯзи 25 апрел 160 сомонию 20 дирам муқаррар карда шудааст. Як рӯз қабл қурби расмии 1000 рубл 2 сомонӣ арзонтар, 158 сомонӣ буд.

Бонки миллӣ ҳамин тавр, қурби расмии як доллари Амрикоро 12 сомонию 50 дирам ва қурби евро, воҳиди пули кишварҳои Иттиҳоди Аврупоро пойинтар бурда, дар ҳадди 13 сомонию 55 дирам барои як евро муқаррар кардааст.

Қурби рубл баъди 24 феврал, яъне баъди шурӯи ҷанги Русия бо Украина дар баробари асъори дигар ба шиддат пойин рафт ва то ба ҳадди аз 80 то 90 сомонӣ барои 1000 рубл пойин омада, қурби доллар баракс як муддат ҳатто то ба 150 рубл расид. Вале сар аз нимаи дуюми моҳи март, бавижа баъди талаби президенти Русия Владимир Путин дар мавриди бо рубл фурӯхтани газ, қурби рубл рӯ ба боло овард ва рӯзи 11 апрел дар Тоҷикистон ҳатто ба қуллаи рекордии 171,5 сомонӣ барои 1000 рубл расид.

Болоравии қурби рубл дар баробари сомонӣ як фурсати хубе барои муҳоҷирони тоҷик аст, то пасандозҳои рублии худро иваз кунанд. Дар рӯзҳое, ки қурби рубл хеле пойин рафта буд, дили бисёре аз муҳоҷирони тоҷик ва хонаводаҳои онҳо намешуд, ки пулҳои бо азоб ҷамъовардаи худро бо қурби паст иваз кунанд.

Соли гузашта аз Русия ва асосан бо шарофати муҳоҷирони тоҷик ба Тоҷикистон 1,8 миллиард доллар пул фиристода буданд. Пулҳои фиристодаи муҳоҷирони корӣ аз Русия як манбаи асосии таъмини зиндагии аксари хонаводаҳои тоҷик ва як чархаи пешбари аробаи иқтисоди Тоҷикистон дониста мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button