ВидеоҶомеа

ДАР НОҲИЯИ АЙНӢ ЯК ДУХТАРИ 13-СОЛА ҲАНГОМИ ЧУКРИЧИНӢ БА ҲАЛОКАТ РАСИД

Лайло Аҳрорқулова, соли таваллудаш 2009, рӯзи 20 апрели соли 2022 дар як  кӯҳ дар канори зодгоҳаш,  ҷамоати Дар-Дари ноҳияи Айнӣ аз баландии тақрибан 60 метр ба замин афтода, дар ҷои ҳодиса ҳалок шудааст.  Ҷанозаи Лайлои ғӯррамаргро ҳамон рӯз дар оромгоҳи деҳаи Дар-Дар ба хок супурдаанд.

Сокинони Дар-Дар ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар доданд, ки рӯзи чоршанбе Лайло ҳамроҳи писари тағояш ба кӯҳ барои чидани чукрӣ рафта буд.

Дар рӯзҳои охир ин алакай дастикам чорумин нафарест, ки дар кӯҳҳои Тоҷикистон ҳангоми чукричинӣ ҷон медиҳанд.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, субҳи 17 апрели соли 2022, соати 05:25, аз шуъбаи милитсияи шаҳри Ваҳдат ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар додаанд, ки ду сокини деҳаи Симиганҷ, ки яке 41 ва дуюмӣ 42 сол доштаанд, ҳанӯз рӯзи 12 апрел барои чукричинӣ ба кӯҳҳои атрофи Симиганҷ рафта, бо ҳамин бедарак шудаанд. Дар натиҷаи ҷустуҷӯ, ҷасадҳои ин ду сокини Симиганҷро дар болои кӯҳ дар даруни хаймаашон пайдо кардаанд. Бино ба фарзияи муқаддамотӣ, онҳо  аз дуди оташе, ки шабона барои гарм кардани хаймаашон истифода мебурданд, ҷон бохтаанд.

Ҳодисаи нохуши дуюм дар ҳудуди ноҳияи Варзоб рӯй додааст. Сокини 25-солаи ҷамоати Варзобқалъа барои чидани чукрӣ ба кӯҳ рафта, ба сабаби риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ  дар дараи Очуқ ба ҷарӣ сарозер шуда, ба ҳалокат расидааст. Ҷасади ин ҷавонро сокинони маҳаллӣ, ки ба ҷустуҷӯ баромада буданд, пайдо кардаанд. Наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо истифода аз таҷҳизоти кӯҳнавардӣ ба умқи дара фаромада, ҷасадро боло бароварданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда менависад, “таҳлили ҳодисаҳои нохуше, ки сабаби марги одамон дар кӯҳҳо мешаванд, нишон медиҳад, ки дар ин ҳодисаҳо аз кӯҳҳо дида, бештар худи одамон айб доранд. Дар аксари ҳолатҳо сабабҳои субъективии пурра аз одамон вобаста, аз ҷумла муносибати онҳо ба риояи қоидаҳои бехатарӣ дар кӯҳистон ба фоҷиаҳо оварда мерасонанд”.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ахиран аз сокинон хоста буд, ки ба далели обу ҳавои номусоид аз рафтан ба кӯҳҳо барои ҷамъоварии гиёҳҳо ва ҳезум ва  шикору моҳидорӣ худдорӣ кунанд.

Кумита бори дигар аз ҳама хостааст, ки аз рафтан ба кӯҳҳо барои чидани ҳезум ва чукрию сиёҳалафу занбурӯғ ва гиёҳҳои дигар, ҳамчунин аз рафтан ба шикору моҳидорӣ худдорӣ кунанд ва қоидаҳои бехатарӣ ва тавсияҳои мақомотро қатъиян риоя кунанд.

“Амнияти ҷони шумо дар дасти худи Шумост!” – хитоб кардааст Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба сокинон.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button