“АЛИФ БОНК” БО АМРИ БОНКИ МИЛЛӢ БАРХЕ МАҲДУДИЯТҲОИ “ШАРЪӢ”-РО АЗ БАЙН БАРДОШТ (ВИДЕО)

Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 22 апрелдар робита ба манъи хизматрасонии баъзе мол ва маҳсулотҳои (тавассути корти Visa) тибқи принсипҳои маблағгузории исломӣ, ки тавассути сомонаи расмии ҶСК “Алиф Бонк” эълон шуда, дар васоити ахбори омма сару садоҳои зиёдеро ба миён овард, чунин иттилоъ дод:

Ба ҳолати 31 марти соли 2022 дар Тоҷикистон як бонки исломӣ ва 2 равзанаи бонкии исломӣ фаъолият карда истодааст. Аз он ҷумла, аз моҳи сентябри соли 2019 ҶСК “Тавҳидбонк” ҳамчун аввалин бонки исломӣ барои амалӣ намудани фаъолияти бонкии исломӣ иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистонро ба даст овард. Дар оғози соли 2020 бошад, ба ҶСК ТАҚХ “Ҳумо” ва ФҚХ “Имон” барои амалӣ намудани фаъолияти бонкии исломӣ тавассути “Равзанаи бонкии исломӣ” иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон дода шуд.

Бонки миллӣ гуфт, ҶСК “Алиф Бонк” 28 октябри соли 2021, таҳти №1205 ба Бонки миллии Тоҷикистон вобаста ба оғози ҷараёни табдили оназ бонки анъанавӣ ба бонки исломӣ бо бастаи ҳуҷҷатҳо дархост ирсол намуд. Дархости ҶСК “Алиф Бонк” мавриди омӯзиш қарор дода шуда, барои бартараф намудани баъзе аз норасоиҳо бастаи ҳуҷҷатҳо бар гардонида шуд.
Санаи 18 апрели соли 2022 дар сомонаи ҶСК “Алиф Бонк” ба таври расмӣ оиди маҳдудиятҳо маълумот ба нашр расонида шуд, ки дар воситаҳои ахбори омма, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди муҳокимаи васеъ қарор гирифт. Бинобар ин, Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади дастрас намудани посухҳои асоснокшуда бо мактуб (20.04.с.2022, №05-417) ба ҶСК “Алиф Бонк” муроҷиат намуда, вазифадор намуд, ки “Алиф Бонк” вобаста ба асоснокӣ ва сарчашмаи маҳдудиятҳои гузошташуда нисбат ба баъзе мол ва хизматрасониҳо дар муддати кӯтоҳи вақт маълумоти мушаххас ирсол намояд.

Тавре дар мактуби ҷавобии ҶСК “Алиф Бонк” омадааст, роҳбарияти Бонк бо назардошти вазъи бозор ва эътирози баамаломадаи мизоҷон нисбат ба маҳдудиятҳои эълоннамудаи ҶСК “Алиф Бонк”, масъалаи мазкурро бо Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломии худи ташкилот мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар натиҷа, роҳбарияти ҶСК “Алиф Бонк” ва Кумита ба мувофиқа омаданд, ки бинобар ғайриимкон будани таъмини назорати ҳамаҷонибаи мутобиқатии амалиёти дар поён овардашуда бо принсипҳои маблағгузории исломӣ, риояи маҳдудият аз рӯи амалиётҳои мазкур ба зиммаи худи мизоҷон гузошта шуда, маҳдудият аз рӯи амалиётҳои зерини қаблан эълоншуда аз байн бардошта шавад:

мағозаи асбоби мусиқӣ, фортепиано ва нотаҳо;

гуруҳҳои оркестрӣ ва ҳунармандони гуногун;

фурӯши суғуртаҳо, андеррайтинг ва пардохтҳои суғуртавӣ;

мағозаҳои маҳсулотҳои динӣ.

Бонки миллӣ гуфт, гузаронидани амалиёти пардохтии дигар молу хизматрасониҳо, дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ” ва принсипҳои маблағгузории исломӣ ба танзим дароварда мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button