ВидеоДин ва боварҳоИқтисод

АРАҚ – МАНЪ! БАРУ ТАРАБХОНА – МАНЪ! “АЛИФ БОНК” БО ҚОНУНҲОИ ШАРИАТ КОР МЕКУНАД (ВИДЕО)

“Алиф Бонк”, яке аз бонкҳои маъруфи Тоҷикистон эълон кард, ки ба низоми бонкдории исломӣ мегузарад ва аз ин рӯ, истифодаи кортҳояшро барои пардохти бархе хидматрасониҳои мухолифи меъёрҳои Шариат, аз ҷумла барои харидани машрубот, манъ мекунад.

“Бар асоси усулу қоидаҳои шариат дар кортҳо пардохти маблағҳо барои бархе молҳо ва хидматрасониҳо маҳдуд карда мешаванд:  муассисаҳои дилхушӣ, клубҳои шабонаЮ барҳо, пабҳо, мағозаҳои молҳои динӣ, хадамоти шиносоӣ ва эскорт, мағозаҳои асбоби мусиқӣ, фортепиано ва нотаҳо, толорҳо ва студияву мактабҳои рақс, суғурта, андеррайтинг в адира молҳое, ки шариат манъ кардааст” –  таъкид шудааст дар изҳороти “Алиф Бонк”.

Вале ин дар ҳолест, ки ин бонк ба сокинон қарзҳояшро то ҳол ҳамчунон тибқи бонкдории аврупоӣ, яъне бо фоиз медиҳад. Он ҳам дар ҳоле, ки фоиз ё рибо як усули комилан мухолифи низоми бонкдории исломист.

Шабакаи телевизионии “Настоящее Время” дар гузоришаш мегӯяд, “Алиф Бонк” дар Тоҷикистон бо ҷорӣ кардани низом ва технологияҳои пешрафтаи бонкдорӣ ном баровардааст, вале ҷорӣ кардани маҳдудиятҳо дар мавриди харидани маҳсулоте, ки тибқи шариат мамнӯъ мебошанд, барои бисёриҳо амре ногаҳонӣ шуд.

Бисёре аз сокинони Душанбе гуфтаанд, ҳарчанд чунин маҳсулот ва хадамоти мамнӯъшударо намехариданд, вале худи қарори ҷорӣ кардани маҳдудиятҳо барояшон чандон хушоянд нест:

Чӣ лозим аст корт, агар бо он дар мағозаҳо чизе харида натавонӣ?

– Агар дар корт пул бошад, беҳтар аст, то ба худи мардум имкон бидиҳанд, ки ба куҷо харҷ кардани пулашонро худашон ҳал кунанд.

Одам бояд чизеро ки дилаш мехоҳад, бихарад. Маҳдуд кардани амри дурусте нест.

Ин мисли “Толибон” шуд-ку. Онҳо ҳам ҳама чизро маҳдуд мекунанд. Ман зидди инам.

Изҳороти “Алиф Бонк”, бино ба мушоҳидаи Анӯшервон Орипов, хабарнигори“Настоящее Время”, ҳоло ба як мавзӯи асосии вирди забони мардум табдил ёфтааст ва бисёриҳо ин бонкро бо “Толибон” муқоиса мекунанд, ки низ дар пайи ҷорӣ кардани қонунҳои шариат дар Афғонистони ҳамсоя маҳдудиятҳои зиёдеро ба вуҷуд овардаанд.  Сокинон аз ҷумла аз он изҳори норозигӣ мекунанд, ки “Алиф Бонк” истифодаи кортҳояш барои харидани маҳсулоти шариатан мамнӯъ ба мисли шаробу арақро манъ мекунад, вале дар айни замон бо вуҷуди зидди усули шариат будани рибо аз гирифтани фоиз барои қарзҳое, ки ба аҳолӣ медиҳад, даст бардоштанӣ нест.

Роҳбарони “Алиф Бонк” гуфтаанд, ки ин масъаларо рӯзҳои наздик шарҳ хоҳанд дод.

“Алиф” як аз комёбтарин стартапҳо дар арсаи бизнеси Тоҷикистон дониста мешавад. Ин муассисаи молиявӣ соли 2014 ҳамчун ташкилоти хурди қарзӣ ва бо ҳамагӣ 3 коргар ба фаъолият оғоз кард. Ҳоло дар ин бонк дар Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 800 нафар кор мекунанд.

Соли гузашта нашрияи “Fintech finance news” арзиши “Алиф Бонк”-ро дар бозор 100 миллион доллар баровард карда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button