ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

КҲФ: ХАТАРИ ОМАДАНИ СЕЛ ТО ОХИРИ ҲАФТА БОҚӢ МЕМОНАД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии ҳавошиносӣ, дар ноҳияҳои кӯҳистон ва доманакӯҳи ҷумҳурӣ хатари омадани селҳо дар маҳалҳо то охири ҳафта  боқӣ мемонад.

Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ба ширкатҳои сайёҳӣ ва шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба назди обанборҳо, хатсайрҳои сайёҳӣ ва сайругаштҳо дар кӯҳҳо даст кашанд.

Ҳамчунин Кумита аз аҳолӣ даъват мекунад, ки то ҳадди имкон дар ин чунин рӯзҳои борониву хатаровар аз сафар аз тариқи роҳҳои кӯҳиву ағбаҳо, рафтани ба ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахшу ғунучини ҳезум, ҷамъоварии занбӯруғ,  моҳидорӣ ва шикор худдорӣ намоянд.

Кумита ҳамчунин ба аҳолӣ ёдовар мешавад, ки ҷӯйборҳо, селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хасрӯбаҳо пок кунанд, то об маҷрои худро дигар накунад ва вориди ҳавлиҳо нашавад.

Аз ронандагон ҳам тақозо шудааст, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, бахусус суръат ва фосиларо қатъиян риоя кунанд ва ҳаддалимкон шабона бо мошин ба сафар набароянд.

Дар сурати пеш омадани ҳолатҳои фавқулодда аз ҳама хоста мешавад, ки бо рақами  112 ваё ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо ин ду рақам занг бизананд:

93 880 28 19,

(37) 223 13 11.

Ёдовар мешавем, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ахиран аз ҳалокати ду сокини дараи Ромит ва як сокини Варзобқалъа бар асари ҳодисаҳои нохуш ҳангоми  ҷамъоварии чукрӣ хабар дод. Ду сокини Ромит дар хайма дар болои кӯҳ бар асари нафас кашидани дуд ҷон бохта, сокини Варзобқалъа ба як ҷарӣ сарозер шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button