ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

РОНАНДАИ ҶИПИ “ТОЙОТА-ПРАДО” БАРОИ ХУДНАМОӢ ДАР РӮЗИ ТӮЙ ҶАРИМА БАСТА ШУД (ВИДЕО)

Маркази матбуоти РВКД Душанбе рӯзи21 апрел хабар дод, ки дар натиҷаи мавриди санҷидани муроҷиати як шаҳрванд навори ирсолкардаи ӯ ронандаи мошини тамғаи «Тойота-Прадо», рақамҳои қайди давлатиаш 00 07 ОТ 01, Ғоибов Салимҷон Файзиддинович, санаи таваллудаш 29.07.1995, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҳисорак боздошт шуд.

Бино ба иттилои милитсияи Душанбе, “чуноне дар навори ирсол намудаи шаҳрванд ва зимни пурсиш муайян карда шуд, Ғоибов Салимҷон ҳангоми иштирок дар маросими тӯйи домодӣ, дар кӯчаи Ҳисорак дидаву дониста Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона вайрон намудааст. Номбурда ду нафар ҷавонро дар ду паҳлуи автомашинаи худ ҷойгир намуда, ҳангоми ҳаракати гурӯҳӣ ҳолати хатарноку садамавиро ба вуҷуд овардааст”.

Дар видео дида мешавад, ки ҳангоми ҳаракати ҷип ду ҷавон дар рӯи помонакҳои ду дари он рост истода, худнамоӣ мекунанд.

 Бино ба иттилоияи расмӣ, вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Ғоибов Салимҷон тибқи талаботи моддаи 328 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмин накардани бехатарии ҳаракат протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, тибқи муқаррароти моддаи мазкур “чораҳои таъсиррасони қонунӣ” андешида шудааст. Милитсияи Душанбе фақат дар бораи ҷарима бастани ронанда хабар дода, тафсилоти аз ин бештар надодааст.

Вале моддаи 328 барои эҷоди таҳдид ба бехатарии нақлиёт ҳамчун ҷазо ҷарима ба маблағи аз 3 то 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 192 то 320 сомонӣ) ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ронандагӣ ба мӯҳлати се моҳро пешбинӣ мекунад.

 Ҳамзамон кормандони милитсия бо ду ҷавоне, ки ҳангоми ҳаракат дар ду паҳлуи берунии автомашина ҷойгир шуда, ҷони худро дар хатар гузошта, худнамоӣ мекарданд, суҳбатҳои профилактикию корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронидаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button