ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

КӮДАКИ ҲАФТСОЛА ДАР БАЙНИ ДУ ШОХИ ТУТ ДАРМОНДААСТ

Шабонарӯзи гузашта кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон писарбачаеро наҷот доданд, паёмадҳои сел дар роҳи Ваҳдат – Рашт – Лахшро бартараф намуданд ва дар баъзе минтақаҳо аз бориши жола пешгирӣ намуданд.

Аз ҷумла, 20-уми моҳи апрели соли равон ба қисми навбатдории КҲФ аз Раёсати корҳои дохилии пойтахт хабар доданд, ки дар кӯчаи Шевченко 123 як писарбача миёни ду шохаи дарахт дармондааст.

Ба ҷойи ҳодиса фавран имдодгарони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе фиристода шуданд. Наҷотдиҳандагон барои наҷоти ин писарак аз нардбони махсус истифода карданд ва то ҷойе боло шуданд, ки ин писар дармонда буд. 

Маълум шуд, ки писарбачаи 7-сола ба хотири ҷамъоварӣ ва ё хӯрдани тутҳои пухта аз шох ба шохе боло шуда ва дар фарҷом роҳи бозгашт ба заминро наёфта, миёни ду шохи дарахти тут дармондааст. 

Писаракро беозор аз дарахт поин оварданд, барояш ёрии аввалии тиббӣ низ расонда шуд.  

Ҳамчунин 21 апрели соли равон, соати 06:30 дақиқаи субҳ аз баста шудани роҳи мошингарди Ваҳдат – Рашт – Лахш дар минтақаи Ҳамаланго хабар расид. Боронҳои пуршиддати шаби гузашта  сабаби омадани як сели азим дар ин минтақа шуданд. Бино ба гузориши расида, сел километрҳои 94 – 96 роҳро аз сангу шағал ва лойқа пур кард ва ҳаракати мошинҳоро номумкин намуд.

Барои бартараф намудани паёмади ин офат техникаи махсуси Вазорати нақлиёт ва имдодгарони КҲФ ҷалб шуданд. Соати 07:30 дақиқа роҳ пурра аз селовардҳо тоза карда шуда, ҳаракати нақлиёт ба ду самт таъмин гардид. Бино ба хабари дигар, бо  мақсади ҳифзи зироатҳои кишоварзӣ аз жола Хадамоти жолаи КҲФ шаби гузашта бо партоби мушакҳои зидии жола ба абрҳои фазои ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ хатари резиши жоларо бартараф намуд

Манбаъ: https://khf.tj/node/4060

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button