ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ЯК ҶАВОН АЗ ПЕШИ БОЗОРИ “МЕҲРГОН” “ЛЕКСУС”-РО “ҒАЙРИҚОНУНӢ ҲАЙ КАРДА БУРДААСТ”

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон  хабар дод, ки дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 25-солаи сокини шаҳри Душанбе, бо гумони ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани воситаи нақлиёт дастгир карда шуд.

Бино ба иттилои мақомот, ин ҷавон рӯзи 20-уми апрели соли 2022, тахминан соати 14:00, ҳангоми дар истгоҳи бозори “Меҳргон”-и пойтахт қарор доштанаш, бо роҳи пинҳонӣ автомашинаи тамғаи “Лексус”-ро ки ба ҷавони 26-солаи сокини ш.Душанбе тааллуқ дорад, ғайриқонунӣ ҳай карда, ба самти номаълум бурдааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button