АЗ 18 ТО 20 АПРЕЛ ДАР ТОҶИКИСТОН БОДУ БОРОН ВА РАЪДУ БАРҚРО ПЕШБИНӢ МЕКУНАНД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо такя ба маълумоти Агентии ҳавошиносӣ хабар дод, ки ҳафтаи оянеда дар кишвар обуҳавои номусоид пешбинӣ карда мешавад.

Аз ҷумла, интизор меравад, ки рӯзҳои 18-20 апрели соли 2022 дар як қатор аз ноҳияҳои тобеи марказ ва вилоятҳои Хатлону Суғд суръати бод то 15-20 метр дар як сония афзуда, рӯзҳои 18-19 апрел дар ҳудуди вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ  чангбод хоҳад вазид.

Рӯзҳои 19-20 апрел ҳавошиносон  дар ноҳияҳои тобеи марказ, қисмати кӯҳдомани вилояти Хатлон, ноҳияҳои кӯҳистони вилояти Суғд ва ноҳияҳои қисмати ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон борону раъду барқ ва тирукамон пешбинӣ мешавад ва тағйири обу ҳаво эҳтимоли фаромадани тармаву сангрез ва сели обхезиро боло мебарад.

Дар ин робита, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз аҳолӣ хостааст, ки дар ин рӯзҳои обу ҳавои номусоид аз сафар тавассути ағбаҳо ва роҳҳои кӯҳистон, рафтан ба кӯҳҳо, ҷамъоварии гиёҳҳову ҳезум, моҳигирӣ ва шикор ҳаддалимкон  худдорӣ кунанд. Ба аҳолӣ тавсия дода мешавад, ки дар ин рӯзҳо аз чаронидани чорво дар талу теппаҳо низ худдорӣ варзанд.

Ба сокинони манотиқи кӯҳистон ва деҳот тавсия дода мешавад, ки ҳамеша телефонҳои мобили худро пур аз нерӯ (заряд) ва дар ҳолати фаъол нигоҳ дошта, захираи доруворро дар хонаву мошинҳои худ пур кунанд ва таҷҳизоти иловагии рӯшноидиҳанда бигиранд.

Ба хотири пешгирӣ аз оқибатҳо  селу обхезӣ Кумита аз сокинон хостааст, ки ҷӯю обравҳои атрофи хонаи худро тоза кунанд.

Ба хотири пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш дар роҳҳо, бахусус дар ағбаҳо ва роҳҳои кӯҳистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда боисрор аз ронандагони мошинҳояшон сиёҳшиша хоҳиш мекунад, ки ҳаракатро дар соатҳои шабона маҳдуд кунанд. Аз ронандагон ҳамчунин хоста мешавад, ки дар ин рӯзҳо қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, бахусус суръатро қатъиян риоя кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button