ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

МАРГИ ДУ ПИЁДАГАРД ДАР ДУ САДАМА ДАР ТОҶИКОБОД ВА ДУШАНБЕ

ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки нимаи дуюми рӯзи 11 апрел дар байни се соат дар ду садама дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Тоҷикобод ду пиёдагард, аз ҷумла як кӯдаки панҷсола ҷон бохтаанд.

Бино ба ин манбаъ, 11-уми апрели соли 2022, тахминан соати 15:20, ронандаи мошини тамғаи “Дэу-сиело”, Маҳмадшоев Маҳмадзоиршо Искандарович, соли таваллудаш 1984, сокини ноҳияи Тоҷикобод, ҳангоми харакат дар шоҳроҳи автомобилгарди “Ваҳдат-Рашт-Лахш”, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада пиёдагард, Абдуғаффорзода Ҳабибулло, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст.

Дар натиҷа, пиёдагард Абдуғаффорзода Ҳ. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин, нимаи дуюми рӯзи 11-уми апрели соли 2022, тахминан соати 18:20, ронандаи мошини тамғаи «Лексус РКС-350» Фозилов Неъматулло Зокирович соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ноҳияи И.Сомонии пойтахт пиёдагарди хурдсол, Насимова Ясмина Фарруховна, соли таваллудаш 2017, сокини ҳамин шаҳрро пахш намудааст.
Дар натиҷа, хурдсол Насимова Я.Ф. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Бино ба омори расмии ВКД Тоҷикистон, соли 2021 бар асари 1102 садамаи нақлиётӣ  дар роҳҳои ин кишвар 395 нафар ба ҳалокат расида, 1 218 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд. Суръати баланди ҳаракат ва риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ҳамчунин роҳҳову мошинҳои фарсуда аз иллатҳои умдаи садамаҳо, аз ҷумла садамаҳои марговар дар роҳҳои Тоҷикистон ном бурда мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button