ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР КАМЧАТКА АЗ ҚАБАТИ 5-УМИ СОХТМОН БА ЗАМИН АФТОДА, ЗИНДА МОНД

Нашрияи “МК-Камчатка“  хабар дод, ки соати якуними шаби 8 апрел як ҷавони 22-солаи тоҷик аз қабати 5-уми сохтмони бинои нави бемористони кишвари Камчатка ба замин афтода, хушбахтона, зинда мондааст. Муҳоҷири тоҷик бо ҷароҳатҳои вазнин дар шуъбаи реаниматсия таҳти табобат қарор дорад. Исми ӯ нашр нашудааст.

Бино ба иттилои “МК”,  наздики соати дуи шаби 8 апрел, табибони “Ёрии таъҷилӣ” аз  маҳалли сохтмони бинои нави бемористони кишвари Камчатка дар кӯчаи Окружнаяи шаҳраки Крутобероговий  як шаҳрванди 22-солаи Тоҷикистонро ба шуъбаи реаниматсия оварданд. Гуфта мешавад, ки ӯ тахминан соати 01:30 аз қабати панҷуми бино ба замин афтодааст, вале хушбахтона, зинда мондааст. Ташхис нишон дод, ки муҳоҷири тоҷик аз ноҳияи сар ва мағзи сар  ва ронҳояш ҷароҳатҳои вазнин бардошта, устухонҳои фарқи сар, сутунмуҳра ва камараш шикастаанд. Вазхи саломатии ҷавони тоҷик вазнин арзёбӣ мешавад.

Маълум шудааст, ки ин ҷавони тоҷик дар ширкати “Крокус интернэшнл” ба ҳайси дуредгар кор мекард ва дар шаҳраки Елизово зиндагӣ мекард. Ширкати “Крокус” дар вилояти Маскав сабти ном шуда, ба сармоядори озарӣ Ораз Оғоларов (падари овозхони шинохта Эмин Оғоларов) тааллуқ дорад.

Ахиран сардори сохтмони бемористони кишвари Камчатка Валентин Монгилев гуфта буд, ки дар сохтмони бемористон 430 нафар кор мекунанд. Аксари коргаронро дар ин ва дигар иншооте, ки ширкати “Крокус” месозад, муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ ташкил медиҳанд.

Ин алакай дуюмин ҳолати дар сохтмонҳо аз баландӣ афтодани муҳоҷирони тоҷик дар як ҳафтаи охир аст. Тавре қаблан хабар додем, шоми 4 апрел дар як сохтмон дар кӯчаи Фарфоровская ноҳияи Неваи шаҳри Санкт-Петербурги Русия ҷасади як шаҳрванди 19-солаи Тоҷикистонро пайдо карданд. Гуфта мешуд, ки ин ҷавон ҳангоми анҷоми корҳои сохтмонӣ аз қабати шашуми сохтмони бино ба замин афтода, ҷон додааст.

Ин муҳоҷири тоҷик 30 марти соли 2021 ба Русия омада, дар ширкати сохтмонии АСК “Инвест” ҳамчун арматурбанд кор мекард. Исми ҷавони ҳалокшуда нашр нашудааст.

Дар бораи ин ҳодисаи нохуш ба пулис корманди “Ёрии таъҷилӣ”, ки ба ҷои ҳодиса даъват шуда буд, хабар додааст. Баъди ин кормандони пулис низ ба ҷои ҳодиса омада, ба таҳқиқ сар кардаанд. Дар робита ба марги муҳоҷири тоҷик бар асоси моддаи “вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми анҷоми корҳои сохтмонӣ, ки сабаби марги инсон шудааст” парванда кушодаанд.

Ҳарсол беш аз як миллион нафар аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои таъмини зиндагии оилаҳои худ ба Русия мераванд. Ва ҳар сол ҳудуди 1000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба иллатҳои гуногун ба зиндагӣ падруд мегӯянд. Фалокатҳо дар ҷои кор ва дар макони зист аз сабабҳои умдаи марги муҳоҷирони тоҷик дар Русия ном бурда мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button