Муҳоҷирон

5 МУҲОҶИРИ ТОҶИКРО АЗ БОЗДОШТГОҲИ РУСИЯ БА ВАТАН МЕОРАНД (6 АКС)

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав хабар дод, ки кормандони Хадамоти консулии Тоҷикистон дар Русия рӯзҳои 5 ва 6 апрел аз боздоштгоҳҳои муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ воқеъ дар шаҳри Кимовски вилояти Тула ва деҳаи Сахарово дар канори шаҳри Маскав боздид карда, бо аҳволи муҳоҷирони тоҷике, ки дар ин боздоштгоҳҳо нигоҳ дошта мешаванд, шинос шудаанд. Ин боздидҳо, ба гуфтаи сафорат, ба муносибати иди Наврӯз ва бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон сурат гирифтааст. Кормандони консулгарӣ бо худ барои муҳоҷирони тоҷики дастгиршуда як миқдор маводи ғизоӣ ва дигар маҳсулоти мавриди ниёз низ бурдаанд.

Аз ҷумла маълум шудааст, ки  дар ҳоли ҳозир дар боздоштгоҳи шаҳри Кимовск 6 шаҳрванди Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд. Ба як нафари онҳо, ки ягон ҳуҷҷат надошт, аз ҷониби консулгарӣ ба таври ройгон шаҳодатномаи бозгашт ба Ватан дода шудааст. Гуфта мешавад, ки бо мусоидати сафорат 5 шаҳрванди Тоҷикистон 12 ва 19 апрели соли ҷорӣ ба Ватан фиристода мешаванд.

Кормандони сафорат бо роҳбарони ин ду боздоштгоҳ ва  бо шаҳрвандони боздоштгардидаи Тоҷикистон мулоқот анҷом дода, ба шаҳрвандон доир ба талаботи қонунҳои амалкунандаи Русия дар самти муҳоҷират иттилоъ додаанд ва  ҷиҳати дар оянда такрор нашудани қонунвайронкуниҳо вобаста ба будубош дар қаламрави Русия тавсияву маслиҳатҳо додаанд.

Сафорат мегӯяд, корҳо дар самти шиносоӣ бо шароити боздоштгоҳҳо, ҳуҷҷатгузорӣ ва баҳри ҳарчӣ зудтар ба Тоҷикистон фиристодани шаҳрвандони муваққатан боздоштгардида, дар тамоми шаҳру вилоятҳои Русия мунтазам анҷом дода мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button