ВидеоМуҳоҷирон

ЗАНОЗАНИИ НАВИ БАЙНИ МУҲОҶИРОН. ИН ДАФЪА ДАР МАРКАЗИ ШАҲРИ МАСКАВ (ВИДЕО)

Дар Интернет видеои лаҳзаи занозании гуруҳӣ байни даҳҳо муҳоҷир, ки рӯзи 1 апрел дар яке аз сохтмонҳо дар маркази шаҳри Маскав рӯй додааст нашр шуд. Дар видео дида мешавад, ки даҳҳо коргари дар сар каска ва дар тан либоси махсуси корӣ дар маҳалли сохтмон аз гиребони якдигар мегиранд.

Телеграм-канали 112 хабар дод, ки  ин занозанӣ рӯзи ҷумъа, 1 апрел дар маҳалли сохтмони бинои истиқоматии гаронбаҳои ЖК «Сердце столицы» дар мавзеи Шелепихинская набережнаяи шаҳри Маскав байни муҳоҷирон аз Тоҷикистону Ӯзбекистон рух додааст. Бино ба иттилои ин канал, дар пайи занозанӣ беш аз 100 нафарро ба пулис бурдаанд.

Хабаргузориҳои Интерфакс ва ТАСС хабар доданд, ки 120 муҳоҷирро баъди ин занозанӣ ба пулис овардаанд. Ин ду хабаргузорӣ низ гуфтанд, ки муноқиша байни муҳоҷирон аз Тоҷикистону Ӯзбекистон сар задааст.

Сабаби муноқиша ҳанӯз рӯшан нест. Санҷиши аввалияи ин ҳодиса идома дорад.

Танҳо дар ду ҳафтаи ахир ин алакай дуюмин занозании байни муҳоҷирон аз Осиё Марказӣ дар шаҳри Маскав аст.

Тавре қаблан хабар додем, дар ҷараёни занозании гуруҳии муҳоҷирон, ки шаби 22 март дар деҳаи Сосенское дар минтақаи Новая Москва рух дод, 43 нафар боздошт гардида, як шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистонро бо захми корд аз қафаси сина ва пои росташ дар бемористон бистарӣ кардаанд. Додситонии Маскав гуфт, дар пайи ин занозанӣ ва корд хӯрдани муҳоҷири тоҷик бо иттиҳоми сӯиқасди куштор парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба гуфтаи додситонӣ, оне, ки ин занозаниро сар кард, дастгир шудааст, вале ҷустуҷӯи нафаре, ки ҷавони тоҷикро ду корд зад, ҳанӯз идома дорад.  Гуфта мешавад, ки дастикам 20 муҳоҷир дар заминаи маишӣ аз гиребони якдигар гирифта, дар ҷараёни занозанӣ аз чӯбу калтак ва ҳатто аз корд истифода бурдаанд. Сабаби занозанӣ рӯшан нест. Ин ҳам маълум нест, ки кӣ бо кӣ дастбагиребон шудааст. Парвиз ТВ хабар дод, ки дар Новая Москва муҳоҷирон аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон занозанӣ кардаанд.

Ҳоло муҳоҷиронро барои иштирок дар занозаниҳо метавонанд аз Русия ихроҷ кунанд. Моҳи августи соли 2021 дар пайи як силсила занозаниҳои байни муҳоҷирон дар минтақаҳои гуногуни Русия, ВКД ин кишвар ҳушдор дод, ки аз ин ба баъд муҳоҷиронро барои дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, аз ҷумла барои иштирок дар занозаниҳо бераҳмона ба кишварҳои зодгоҳашон ихроҷ карда, аз ҳаққи убури марзи Русия маҳрум мекунанд.

Моҳи декабри соли 2021 ВКД Русия хабар дод, ки алакай беш аз 400 муҳоҷирро маҳз барои иштирок дар занозаниҳои оммавӣ ихроҷ кардаанд. Аксари онҳоро ба муҳлати то 40 сол аз ҳаққи убури марзҳои Русия маҳрум карданд.

Ҳамчунин, моҳи марти соли ҷорӣ дар пайи як занозании гуруҳӣ дар сохтмони корхонаи коркарди гази Амур дар шаҳри Амурск 82 коргари қирғиз ва 54 коргари тоҷикро аз кор ронданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button