ВидеоДин ва боварҳоРӯйдодҳои БадахшонФарҳанг

ДРАМАИ “ДАЪВАТИ НОСИР” ЧОП ШУД

Нашриёти “ЭР-граф” драмаи “Даъвати Носир”-и адиби тоҷик Ато Мирхоҷаро ба чоп расонд. Он ба 1020-солагии нобиғаи Машриқзамин, шоир ва мутафаккири бузурги тоҷик Носири Хусрави Қубодиёнӣ бахшида шудааст.

Драмаи “Даъвати Носир” аз 2 парда ва 6 намоиш иборат буда, соли 1994 ба муносибати 1000-солагии Носири Хусрав навишта шуда, худи ҳамон сол сазовори ҷоизаи Озмуни драматургони ҷумҳурӣ гардида буд. Матни драма аз ҷониби муаллиф такмилу таҳрир ёфта, бори нахуст дар шакли китоб ба хонандагон пешниҳод мегардад.

Муҳаррири китоб доктори илмҳои фалсафа Кароматулло Олимов мебошад.

Дар муаррифиномаи «Даъвати Носир» гуфта мешавад, ки муаллиф дар ин асар зиддиятҳои дохилии давлати Салҷуқиён ва таъсири ногувори он ба сарнавишти Носири Хусрави равшанандешро ба риштаи тасвир кашидааст.

Абумуиниддин Носири Хусрави Қубодиёнӣ соли 1004 дар шаҳри Қубодиён, ки дар қисми ҷанубии Тоҷикистони имрӯза ҷойгир аст, ба дунё омадааст. Носири Хусрав  ибтидо дар зодгоҳаш ва сипас дар Балх таҳсил карда, алакай дар солҳои сиюми асри 11 ҳамчун шоир ва олими забардаст ном баровард.

Носири Хусрав соли 1045 ба сафар баромада, аз Эрону Ироқ ва Арабистону Миср боздид кард. Ӯ дар ҷараёни ҳамин сафар, ки 7 сол давом кард, ба мазҳаби исмоилия рӯ овард ва баъди бозгашташ ба таблиғи ин мазҳаб машғул шуд. Ӯ ба ин далел таҳти таъқиб қарор гирифт ва ба дараи Юмгон (воқеъ дар ҳудуди вилояти Бадахшони Афғонистони имрӯза) паноҳ бурд ва то дами маргаш дар соли 1088 дар ҳамон ҷо ба сар бурд.

Аксари асарҳои худро Носири Хусрав дар Юмгон таълиф кардааст.

Нақши Носири Хусрав дар мазҳаби исмоилияро пазируфтани сокинони Бадахшон бузург дониста мешавад ва исмоилиҳои Бадахшон Носири Хусрав ҳамчун як пири тариқати мазҳаби худ арҷу эҳтиром мегузоранд.

Ҳамчунин як ноҳия дар ҷануби Тоҷикистон ба шарафи ин мутафаккири бузург ноҳияи Носири Хусрав номгузорӣ шудааст.

Аз осори Носири Хусрав:

Фузун хоҳӣ бақо, дилҳо маёзор,

Ки доим дерзӣ бошад камозор…

Ҳамша некхоҳи мардумон бош,

Ба некӣ кӯш в-он гаҳ дар амон бош.

Мурувват нест, ар афтодагоне,

Ба раҳ биниву худ маркаб биронӣ.

Зи некон бош, андар некӯӣ кӯш,

Макун некии кас аз дил фаромӯш.

Ба некон умри созу барг хоҳад,

Бадонро халқи олам марг хоҳад.

ххххххххххххх

Рӯзе зи сари санг уқобе ба ҳаво хост,

Аз баҳри тамаъ болу пари хеш биёрост.

Ба ростии бол назар карду чунин гуфт:

«Имрӯз ҳама рӯйи замин зери пари мост!»

Гар авҷ бигарам бипарам аз назари шед,

Мебинам агар заррае андар таги дарёст.

Гар бар сари хошок яке паша биҷунбад,

Ҷунбидани он паша аён дар назари мост.

Бисёр манӣ карду зи тақдир натарсид,

Бингар, ки аз ин чархи ҷафопеша чӣ бархост.

Ногаҳ зи камингоҳ яке сахткамоне,

Тире зи қазову қадар андохт бар ӯ рост.

Бар боли уқоб омада он тири ҷигарсӯз,

В-аз абр мар-ӯро ба сӯйи хок фурӯ кост.

Бар хок биафтоду биғалтид чу моҳӣ,

В-он гоҳ пари хеш кашид аз чапу аз рост.

Гуфто: «Аҷаб аст ин, ки зи чӯб асту зи оҳан,

Ин тезиву тундиву паридан-ш куҷо хост».

Бар тир нигоҳ карду пари хеш бар ӯ дид,

Гуфто: «Зи кӣ нолем, ки аз мост, ки бар мост».

Ҳуҷҷат ту маниро зи сари хеш бадар кун,

Бингар ба уқобе, ки манӣ карду чиҳо хост.

хххххххххххххххххххх

Дар мавриди баёни аҳамияти панду андарз:

Насиҳат бишнав ар талх ояд аз ёр,

Ки дар охир ба ширинӣ расад кор.

Дар бораи айби худро дидан ва дигаронро айб накардан:

Макун айби касон, гар метавонӣ,

Ки ту, эй дӯст, айби худ надонӣ.

Оиди некиро фаромӯш накардан:

Касе, к-ӯ бо ту некӣ кард як бор,

Ҳамеша он накуӣ ёд медор.

Оиди донишомӯзӣ:

Сар андар ҷустани дониш ниҳодам,

Накардам рӯзгори хеш бебар

Намонд аз ҳеч гун дониш, ки ман з-он

Накардам истифодат бешу камтар.

Андар сифоти касбу ҳунар:

Беҳ аз саннои олам деҳкон аст,

Ки вахшу тайрро роҳатрасон аст.

Ҷаҳонро хуррамӣ аз деҳқон аст,

Ки вахшу тайрро роҳатрасон аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button