АфғонистонВидео

ЗАДУХӮРДИ САНГИН БАЙНИ ТОЛИБОН ВА ҶАБҲАИ МУҚОВИМАТ ДАР ПАНҶШЕР

Пойгоҳи хабарии “Сангар”, ки бештар масоили муқовимати зидди Толибон дар Афғонистонро пайгирӣ мекунад, хабар дод, ки рӯзи 1 апрел дар дараи Пунии вилояти Панҷшер байни нирӯҳои Толибон ва Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон задухӯрди сангине сурат гирифтааст.

Ин шадидтарин ва барои Толибон пурқурбонитарин даргирӣ дар Панҷшер пас аз суқути он ба дасти ҷунбиши Толибон дар моҳи сентябри соли 2021 номида мешавад.

Аминҷони Ҳисоракӣ, фармондеҳи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ба сомонаи “Сангар” гуфтааст, рӯзи 31 март, ба қароргоҳи муқовимат дар дараи Пунии дараи Ҳисораки вулусволии Руха иттилооти кашфӣ расидааст, ки як гуруҳи ҳудуди 300 – нафараи “Қитъаи сурх” – и Толибони зобулӣ бо азми ҳамла ба ин қароргоҳ вориди минтақа шудааст.

“Онҳо то охири роҳи мошингарди дараи Ҳисорак ҳаракат карда, ду километри дигарро ба дараи канории Пунӣ пиёда ҳаракат карданд ва худро ба қароргоҳ расида, шабро он ҷо сипарӣ карданд. Нерӯҳои мо пас аз расидани иттилои кашфӣ қароргоҳро тарк намуда, дар атрофи он мавзеъ гирифтанд. Фардои он рӯз, 1 апрел, ҳаволии соати якуними рӯз, вақте ҳаво гарм шуд, сари Толибон як ҳамлаи ғофилгирона сурат гирифт”, – гуфт Аминҷони Ҳисоракӣ.

Вай афзуд, як даргирии шадид ба вуқӯъ пайваст, ки дар нахустин соатҳои он теъдоди зиёде аз ҷангиёни муҳосирашудаи толиб ба ҳалокат расиданд.

“Бино ба иттилое, ки ба мо расид, бори аввал Толибон дар ду  мошини Рейнҷер” 12 ҷасади фавтидагони худро ба шифохонаи Руха интиқол доданд. Толибон дар умум ҳудуди 30 кушта ва 15 захмӣ ба ҷой гузоштанд. Нерӯҳои мо осебе надиданд. 17 силоҳи навъи мухталиф низ ба ғанимати муқовиматгарон афтод”, – хабар додааст Аминҷони Ҳисоракӣ.

Толибон хабари ҳалокати ҷангиёнаш дар дараи Пуниро шарҳ надодаанд.

Панҷшер охирин вилоят аз 34 вилояти Афғонистон буд, ки дар аввали моҳи сентябри соли 2021 ба дасти Толибон афтод. Дар ин вилоят ва минтақаи Андаробҳои вилояти муқовимати миллӣ ба раҳбарии Аҳмади Масъуд, фарзанди Аҳмадшоҳи Масъуд Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистонро созмон додаанд, ки ба зидди Толибон меҷангад.

Ин Ҷабҳа дар тирамоҳи соли гузашта хеле фаъол буд, вале моҳҳои охир дар бораи задухӯрдҳояш ба зидди Толибон тақрибан ҳеҷ хабари наве ба гӯш намерасид.

Вале Ҷабҳаи муқовимати миллӣ мегӯяд, тайи ним соли охир дар задухӯрдҳо дар дараи Панҷшер ҳудуди 2000 нафар аз ҷангҷӯёни Толибон куштаву захмӣ шуда, аз тарафи Ҷабҳаи муқовимат ва сокинони мулкии Панҷшер низ тақрибан 400 нафар ба ҳалокат расидаанд. Тасдиқи ин рақамҳо тавассути манобеи дигар имкон надорад. Толибон мегӯянд, вусъат ва доманаи муқовимат дар Панҷшер ба ҳадде нест, ки Ҷабҳаи муқовимати миллӣ мехоҳад тасвир кунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button