ВидеоИқтисодМуҳоҷирон

ШИРКАТИ S7 AIRLINES ПАРВОЗҲОИ МУНТАЗАМРО БАЙНИ ТОҶИКИСТОНУ РУСИЯ АЗ САР МЕГИРАД

Ширкати ҳавопаймоии S7 Airlines (“Сибирь”) аз 3 апрел парвозҳои мунтазамро байни шаҳрҳои Русия ва  Тоҷикистон аз сар мегирад, – хабар дод хабаргузории “Ховар”. Ин ширкати ҳавопаймоии Русия аз 5 март дар пайи эъмоли таҳримоти байналмилалӣ ба зидди Русия ба сабаби шурӯи ҷангаш дар Украина парвозҳояш ба Тоҷикистонро муваққатан боздошта буд.

S7 Airlines шурӯъ аз 3 апрел парвозҳои ҳамарӯза дар самти Москва — Хуҷанд — Москваро  оғоз мекунад. Аз 4 апрел парвозҳо дар самти Новосибирск — Душанбе — Новосибирск дубора оғоз ёфта, ҳафтае 2 маротиба — рӯзҳои душанбе ва чоршанбе анҷом дода мешаванд.

Аз 5 апрел инчунин аз Новосибирск ба Бохтар ва баръакс хатсайр боз мегардад. Ширкат нақша дорад, ки ҳафтае 2 парвоз — рӯзҳои сешанбе ва чоршанбе — анҷом диҳад. Аз 7 апрел рӯзҳои панҷшанбе ва якшанбе парвози Новосибирск — Хуҷанд — Новосибирск анҷом мешавад.

S7 Airlines (Эс Сэвэн Эйрлайнз) дувумин ширкати бузурги ҳавопаймоии Русия  ва узви иттиҳоди ҷаҳонии авиатсионии Oneworld мебошад. Идораи ин ширкат дар шаҳри Новосибирски Русия ҷойгир шудааст. Шабакаи хатсайрҳои ширкат асосан ба фурудгоҳҳои Домодедово (Маскав) ва Толмачёво (Новосибирск) пайваста шудааст.

Ёдовар мешавем, ки қаблан Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон эълон карда буд, ки ширкатҳои ҳавопаймоиро барои боло бурдани қимати парвозҳо муҷозот хоҳанд кард. Дар сурати боз боло рафтани қиматҳо, мақомоти авиатсионии Тоҷикистон ширкатҳои ҳавопаймоиро аз ҳаққи ирсоли парвоз ба Русия ва бозгашт маҳрум мекунанд.

Баъди ба сабаби эълони таҳримоти байналмилалӣ ба зидди Русия бозори мусофиркашонии авиатсионӣ байни Русияву Тоҷикистон тарк кардани чанд ширкати русӣ, дар ин бозор танҳо ширкати тоҷикистонии “Сомон Эйр” ва ширкатҳои русии “Уральские авиалинии“ ва “Utair” парвоз анҷом медоданд. Аз 3 апрел S7 Airlines низ ба ин бозор бармегардад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button