ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ҲАБСИ ДУ МАРДИ БАДЗАБОН БАРОИ БЕЭҲТИРОМӢ БА БОНУВОН (ВИДЕО)

Дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон боз ду ҷавонро барои  беэҳтиромӣ нисбат ба бонувон ба ҳабси маъмурӣ маҳкум кардаанд.

Маркази матбуоти РВКД Душанбе   хабар дод, ки дар натиҷаи баррасии муроҷиати электронии шаҳрвандон ва навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашргардида, аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт шаҳрвандон:
1. Чилаев Шуҷо Шоҳраҳимович, санаи таваллудаш 08.08.1997;

2. Исмонов Хусрав Нуриддинович, санаи таваллудаш 15.05.1996 барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва беэҳтиромӣ нисбати занону бонувон дастгир карда шуданд.
Санаи 28-уми марти соли ҷорӣ дар як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ видеое нашр гардид, ки чӣ гуна  ду ҷавон нисбати ду ҷавонзани сокини пойтахт беэҳтиромӣ зоҳир намуда, шаъну шарафи онҳоро паст мезананд.

“Зимни санҷиш ва пурсиши шоҳидони ҳодиса муайян карда шуд, ки дар ҳақиқат номбурдагон санаи 28 март  ҳангоми дар кӯчаи Фирдавсӣ дар  назди маркази савдои «Содот» қарор доштан нисбат ба ду апаву хоҳар, ҳарду сокинони шаҳри Душанбе беэҳтиромӣ зоҳир намудаанд”, – хабар медиҳад милитсияи пойтахт.

 Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт нисбат ба ҳарду дастгиршуда тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси қарори додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ нисбати Чилаев Шуҷо ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7 шабонарӯз ва нисбати Исмонов Хусрав ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз таъин карда шуд.

Исмонов Хусрав

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button