ВидеоМуҳоҷиронХабарҳои кӯтоҳ

АҲМАДҶОН МИРЗОКАРИМОВРО ДАР РУСИЯ БАРОИ ОДАМКУШӢ ҶУСТУҶӮ ДОРАНД

Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Рузаеви ҷумҳурии Мордовияи Русия як марди 57-солаи зодаи Тоҷикистонро бо иттиҳоми одамкушӣ таҳти ҷустуҷӯ қарор дода, аз сокинон барои пайдо кардани ӯ кумак хостааст.

Дар эълоне, ки дар сомонаи расмии ВКД ҷумҳурии Мордовия нашр шудааст, гуфта мешавад, ки Мирзокаримов Амадҷон Муҳамадҷонович, соли таваллудаш 1965, зодаи деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Бохтар (ҳоло – Кӯшониён) -и вилояти Хатлони Тоҷикистон барои содир кардани ҷинояти одамкушӣ тибқи моддаи 105, қисми 1 Кодекси ҷиноятии Русия,  таҳти ҷустуҷӯ қарор дода шудааст.

Дар эълон аз сокинон хоста шудааст, ки агар дар бораи макони будубоши Мирзокаримов маълумоте дошта бошанд, бо рақамҳои пулиси ноҳияи Рузаев хабар диҳанд:

 +7(83451) 4-03-89, 4-03-70, +7(8342) 38-59-64 или 102.

Дар бораи ин ки ин ҷинояти одамкушӣ кай ва чӣ гуна рӯй додааст?, пулиси Мордовия ягон тафсилот нашр накардааст.

Бино ба омори расмии ФСИН – Хадамоти федеролии зиндонҳои Русия, то аввали соли 2021 дар зиндонҳои ин кишвар беш аз 7 ҳазор нафар аз зодагони Тоҷикистон адои ҳукм мекарданд ва беш аз 1200 муҳоҷири дигари тоҷик дар боздоштгоҳҳои Русия таҳти тафтиш қарор доштанд.

Бар асоси ҳисобҳои ғайрирасмӣ, тақрибан чоряки ин зодагони Тоҷикистон  дар Русия барои ҷиноятҳои марбут ба вайрон кардани қоидаҳои будубош, асосан барои тақаллуби аснод, маҳкум ба зиндон шудаанд. Тақрибан чоряки дигар аз ин 7 ҳазор зиндонии тоҷик барои ҷиноятҳои марбут ба қочоқи маводи мухаддир пушти панҷара рафтаанд. Тоҷикистон, ки бо Афғонистон – тавлидкунандаи асосии ҳероину афюн ва ҳашиш беш аз 1400 километр марзи муштарак дорад, солҳои охир ба як масири умдаи қочоқи “маводи мухаддири афғонӣ” ба бозорҳои сиёҳи шимоли сайёра ва асосан ба бозори сиёҳи Русия табдил ёфтааст.

Ҳамин тавр, дар байни тоҷикистониҳои дар Русия зиндонишуда онҳое ҳам ҳастанд, ки барои даст доштан дар садамаҳои марговар ва ҷиноятҳое, чун дуздӣ, ғоратгарӣ ва куштор маҳкум шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button