ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

СУХАНГӮИ КРЕМЛ ПЕСКОВ: ПУТИН БЕМОРИ САРАТОН НЕСТ

Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия сарусадоҳо дар бораи бемори саратон шудани Владимир Путинро “бофта ва дурӯғ” номида рад кард. Дар  ин бора рӯзи 1 апрел дар Телеграм-каналаш сардабири собиқи шабакаи радиоии басташудаи “Эхо Москвы” Алексей Венедиктов хабар дод.  Сарусадоҳо дар бораи эҳтимолан бемори ҷиддӣ будани Путин вақте пайдо шуд, ки ӯ дар мулоқотҳо вазиронаш ва ҳатто бо роҳбарони давлатҳои хориҷӣ аз онҳо хеле дур меистаду менишинад. Рӯзи 1 апрел бошад нашрияи “Проект”  бо нашри як  гузориши таҳқиқотӣ хабар дод, ки вақтҳои охир як табиби онколог (саратоншинос), ки ихтисосаш ҷарроҳии бемориҳои саратони гулӯ аст, ба таври мунтазам аз Владимир Путин хабар мегирад.

Ва аммо дар посух ба суоли Алексей Венедиктов сухангӯи Путин хабари ба саратони  гулӯ гирифтор шудану ҳатто ҷарроҳӣ шудани Путинро “бофта ва дурӯғ номидааст. Венедиктов батакрор аз Песков пурсидааст, ки “ман дуруст фаҳмидам, ки Владимир Путин бемори саратон нест? Песков ҷавоб додааст, ки “Бале”.

 “Проект”   дар таҳқиқоташ навишт, рӯйхатти табибонеро ба даст овардааст, ки президенти Русияро дар сафарҳояш ҳамроҳӣ мекунанд. Бино ба иддаои нашрия, яке аз онҳо Евгений Селиванов аст, ки мавзӯи рисолааш роҳҳои  бо усули ҷарроҳӣ табобат кардан беморони солхӯрдаест, ки гирифтори саратони гулӯ (рак щитовидной железы) шудаанд.  Нашрия мегӯяд, Селиванов фақат ба Сочи барои хабаргирии Путин на камтар аз 35 маротиба омадааст.

Нашрия рӯирост намегӯяд, ки Путин чӣ беморӣ дорад. Вале муаллифон иддао доранд, ки Путин  аз ноҳияи пушташ дастикам ду дафъаи ҷарроҳӣ шудааст. Ин ду маврид ба давраҳое рост меоянд, ки Путин барои муддати тӯлонӣ аз маҳзари ом  барои чанд рӯзу чанд ҳафта ғайб мезад.

“Проект” менависад, дар солҳои охир ду табибе, ки бештар аз ҳама ҳамзамон бо Путин ба Сочи мерафтанд, дуяш духтурони бемориҳои гулӯ (отоларинголог) Алексей Щеглов ва Игорь Есаков буданд ва якеи дигар ҳамон ҷарроҳи бемориҳои саратон Евгений Селиванов. Дар 4 сол Щеглов ва Исаков 59 маротиба ба Сочи пеши Путин омада, 282 рӯз бо вай будаанд. Селиванов  35 маротиба омада, 166 рӯз инҷо будааст, – менависад “Проект”. –  Ин гуруҳи табибон ҳам ҳангоми расман дар Сочи қарор доштани Путин дар пеши ӯянд ва ҳам дар рӯзҳои “ғайб заданаш”.

Дар таҳқиқот ҳамчунин гуфта мешавад, ки Путин ҳангоми сафарҳояш ба Олтой дар оби бо шираи шохҳои оҳу тайёркардашуда оббозӣ мекунад.

Журналистон ҳамчунинтаваҷҷуҳ кардаанд, ки Путин моҳи сентябри соли 2021 ба таври ногаҳонӣ худро дар инзивоъ (самоизолятсия) қарор дод. Баъди он Путин дар мулоқотҳо бо дигарон, ҳам бо вазирони худаш ва ҳам ҳатто бо роҳбарони хориҷӣ фосилаи бузургеро нигоҳ медорад ва чӣ гуна аз масофаи тӯлонӣ қадаҳ бардоштанҳои ӯву бархе роҳбарони хориҷӣ ва дар як гӯшаи толор нишастани ӯву дар гӯшаи аз Путин хеле дур шинондани вазирони рус ҳатто боиси хандаю тамасхури зиёд дар Интернет шудааст.

Вале Песков ба “Проект” гуфтааст, ки “ин иттилоъ нодуруст аст ва ба воқеият рост намеояд”.

Саратони гулӯ (рак щитовидной железы) аз навъҳои нисбатан сабуки бемориҳои саратон ба шумор рафта, чандон хатарбор нест ва дар бисёр ҳолатҳо қобили табобат аст.

Ширкати ҳоло барҳамхӯрдаи Project media  қаблан  дар пайи нашри як силсла гузоришҳои таҳқиқотӣ дар бораи дар коррупсия даст доштани атрофиёни Путин аз ҷониби мақомоти Русия “созмони номақбул” “нежелательная организация” эълон шуда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button