АВВАЛИН АЛОМАТИ СУЛҲ БАЙНИ РУСИЯВУ УКРАИНА БАЪДИ ЯК МОҲИ ҶАНГҲОИ ХАРОБИОВАР

Рӯзи 29 март дар шаҳри Истанбули Туркия даври навбатии музокироти Русияву Украина билохира натиҷа овард. Дар пайи ин музокирот, ки 4 соат тӯл кашид, вазорати мудофиаи Русия эълон кард, ки амалиёти ҷангиаш дар самти Киев ва Черниговро ба маротиб коҳиш медиҳад.

Владимир Мединский, роҳбари ҳайъати Русия низ гуфт, музокирот дар Истанбул ба сурати соҳанда сурат гирифт ва ҷониби Русия аз ҷониби Украина пешниҳодҳояшро барои баррасӣ пазируфт. “Ин пешинҳодҳо ба зудтарин фурсат баррасӣ шуда, ба президент (Путин) гузориш дода мешаванд ва ба онҳо посухи мутаносиб дода хоҳад шуд”,  – гуфт Мединский. Изҳороти вазорати мудофиа дар бораи коҳиши чашмгири миқёси ҳамлаҳо дар самти Киев ва Чернигов, тавре ба назар мерасад, аввалин посухи Русия ба пешниҳодҳои Киев барои бастани қарордоди сулҳ аст.

Хабарҳои хуб аз ҷараёни музокироти Русияву Украина алакай ба бозорҳо таъсир расонд ва қурби 1000 рубл дар Тоҷикистон, барои мисол, бори аввал аз замони шурӯи ҷанги Украина то  ба ҳадди 151 сомонӣ боло рафт.

Мединский гуфт, қарордоди ду кишвар дар сатҳи вазирони хориҷа имзо шуда, президентҳои ду кишвар Владимир Путин ва Владимир Путин шояд дар мулоқоти чашм ба чашм масъалаи сарнавишти Донбассро ва Қримро алоҳида баррасӣ кунанд.

Ҷониби Украина барои қатъи ҷанг ва расидан ба сулҳ чунин пешниҳодҳо додааст:

  • Музокираҳо оид ба мақоми Қрим ва Севастопол то соли 2036 давм мекунанд ва дар муддати ин 15 сол ҷонибҳо аз ҳалли низомии ин масъала даст мекашанд;
  • Масъалаи мақоми ба ном “ҷумҳуриҳои Донетск ва Луҳангск” аз боқии масоил ҷудо карда мешавад ва онро метавонанд ду президент зимни мулоқоти рӯбарӯ баррасӣ кунанд;
  • Украина дар сурати кафолати дақиқ ва шадиди як қатор кишварҳо розӣ аст, ки кишвари ғайриҳастаӣ ва хориҷ аз паймонҳои ҳарбӣ бошад. Ин бояд ба таври мустанад дарҷ шавад.
  • Дар қаламрави Украина пойгоҳҳои хориҷӣ набояд ҷойгир шаванд.
  • Аммо Украина аз азмаш барои узвияти Иттиҳоди Аврупо даст намебардорад.

Украина дар мавриди кафолати амнияташ хостори бастани қарордоди байналмилалие шудааст, ки тамоми ҷонибҳои кафил онро имзо кунанд. Украина ба ҳайси кишварҳои кафил Британия, Амрико, Хитой, Туркия, Фаронса, Канада, Италия, Полша ва Исроилро пешниҳод кардааст. Кафолати амнияти Украина бояд мисли моддаи панҷуми паймони НАТО бошад, ки ҳамла ба як кишвари узви ин паймонро ҳамчун ҳамла ба тамоми паймон арзёбӣ мекунад. Агар ба хоки Украина сурат бигирад, кишварҳои кафил бояд ба кумакаш бирасанд.

Узви ҳайъати Украина Давид Арахамия гуфт, инҳо феълан танҳо пешниҳоданд, ки ба ҷониби Русия дода шуданд ва Киев мунтазири посухи Кремл аст.

Музокироти Истанбул бо миёнаравии  президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон сурат гирифт. Эрдуғон изҳори умед кард, ки ин музокирот роҳро барои мулоқоти Путин ва Зеленский мекушояд. Ӯ гуфт, Туркия омода ҳаст мизбони мулоқоти президентҳои Русия ва Украина низ шавад.

Дар музокироти Истанбул миллиардер Роман Абрамович ни ҳузур дошт. Ӯ дар канори сухангӯи Эрдуғон Иброҳим Қалин нишаста буд.

Абрамович яке аз ташкилкунандагони нахустин музокироти Русияву Украина буд, ки рӯзи 4 март дар Беларус доир шуд. Рӯзи 28 март гузоришҳое нашр шуд, ки мегуфтанд, Абрамович ва ду узви ҳайъати Украинаро дар рӯзҳои музокирот дар Беларус ба эҳтимоли ғолиб заҳр додаанд.

Ба  ин далел, вазири хориҷаи Украина Дмитрий Кулеба қабл аз музокироти Истанбул ба ҳамаи онҳое, ки иштирок мекунанд, машварат дод, ки ягон чӣ нахӯранду нанӯшанд ва ба рӯи мизу курсӣ, танаи дару девор ва дигар ашё ҳаддалимкон даст нарасонанд.

Кишварҳои Ғарб дар масъалаи мавқеи Украина дар музокирот бо Русия мавзеи яксон надоранд. Фаронсаву Олмон тарафдори муколама бо Маскаванд ва мегӯянд, бояд ҳарчӣ зудтар ба оташбас ва хуруҷи нирӯҳои Русия аз Украина ноил шуд. Бархе кишварҳои дигари узви НАТО, ба мисли Британия ва Полша, чунин мавқеъгириро беҳосил ва баракс ҳатто ба фоидаи Путин мешуморанд ва мегӯянд, Путон чандон майли сулҳ бастан нишон намедиҳад.  Дар ин лобало Украина талош дорад, то ба оташбас ва сулҳ бидуни аз даст додани пораҳое аз қаламраваш ноил шавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button