ВарзишВидеоМарзи Тоҷикистону Қирғизистон

ҚАНД ЗАН, НУРЛАНБЕК! ВАРЗИШГАРИ ҚИРҒИЗ НИМИ ПУЛАШРО БАРОИ ТАБОБАТИ МОДАРИ ДӮСТИ ТОҶИКАШ ХАЙР КАРД (ВИДЕО)

Дар ин рӯзҳое, ки муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон даврони мушкилу пуртанишеро пушти сар карда истодаад ва аз марзи ин ду кишвар доим хабарҳои пуртаҳлука дар бораи муноқишаҳои наву гоҳо ҳатто хунин ба гӯш мерасанд, як варзишгари ҷавон аз вилояти Ҷалолободи Қирғизистон бо як амали ҷавонмардонааш ҳамаро ба ваҷд овард.

Варзишгари 24-солаи зодаи Ҷалолобод Нурланбек уулу Марсел рӯзи 10 феврал дар мусобиқоти варзиши ММА Hardcore Fighting Championship (Ҳардкор Файтинг Чампионшип) рақиби 21-солааш аз шаҳри Любертсии Русия Григорий Беляевро шикаст додю

Беляев номзад ба устодии варзиш дар бокс, панкратион ва самбои ҷангӣ ва чемпиони Маскав дар грэпплинг аст. Нурланбек уулу устоди варзиш дар самбои ҷангӣ мебошад.

Беляев дар даври якуми рақобат бартарӣ дошт, вале дар дақиқаи дуюми даври дуюм варзишгари қирғиз  тавонист Беляевро маҷбур ба таслим шудан кунад.

Вақте Нурланбек уулу Марселро ғолиби ин рақобат эълон карданд, ӯ бо забони шикастаи русиаш бо як ҷавонмардии ҳайратовар ба масъулони  ин мусобиқот гуфт, ки мехоҳад то нисфи пули аз ин пирӯзӣ ба даст овардаи вайро ба варзишгари тоҷик Комил Ҳасанов, ки бо лақаби Комил-Карате ном баровардааст, бидиҳанд.

“Модари Комил-Карате бемор аст ва ман мехоҳам ними музди маро барои табобати ӯ бидиҳед”, – шарҳ дод варзишгари қирғиз сабаби ин тасмимашро.

Ӯ ин хоҳишаш аз масъулони Ҳардкор Файтинг Чампионшипро чанд маротиба такрор кард ва тамоми толор барояш қарсак зад – ҳам барои бозии зебо бо пирӯзии зебо ва ҳам барои ин амали хайру ҷавонмардонаи боз ҳам зеботар.

Дар воқеъ, қанд зан, Нурланбек!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button