Тиб ва беҳдошт/Муҳити зистХабарҳои кӯтоҳ

РӮЗИ 6 ФЕВРАЛ ДАР ТОҶИКИСТОН ТАНҲО 3 ҲОЛАТИ СИРОЯТИ КОРОНАВИРУС САБТ ШУДААСТ

Вазорати тандурустии Тоҷикистон шоми 6 феврал хабар дод, ки дар як шабонарӯзи охир дар кишвар ҳамагӣ 3 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба коронавируси нави навъи COVID-19  сабт шуда, дар айни замон 7  нафари қаблан ба ин вирус гирифторшуда аз ин беморӣ шифо ёфтаанд. Як рӯз қабл ин вазорат аз 4 ҳолати сироят ба коронавирус ва шифо ёфтани 5 бемор аз ин маризӣ хабар дода буд.

 Ба ҳисоби вазорати тандурустӣ, шумораи расмии гирифторшудагон ба ин вирус аз оғози пандемия то шоми 6 феврал дар Тоҷикистон, ба 17 ҳазору 347 нафар расида, аз ин шумор то имрӯз 17 ҳазору 195 нафар шифо ёфтаанд ва 124 нафар, мутаассифона, фавтидаанд. Ба ин тартиб, то шоми 65 феврал 28 нафари гирифтори коронавирус дар шароити хона ё бемористон таҳти табобат қарор доштаанд. Як ҳафта пеш шумораи беморон ҳудуди 80 нафар гуфта мешуд.

Аз 21 январ ба ин тараф вазорати тандурустӣ дар умум 252 ҳолати ба коронавирус гирифтор шудани шаҳрвандонро тасдиқ кардааст.

Вале бисёриҳо бар инанд, ки шумори воқеии гирифторшудагон ва қурбониёни коронавирус дар Тоҷикистон хеле бештар аз омори расмии вазорати тандурустист.

Мақомоти Тоҷикистон ваксинаро як роҳи аз ҳама муассир ва илман собитшудаи ҷилавгирӣ аз густариши бемории коронавирус мешуморанд. Тоҷикистон то имрӯз тавассути барномаи КОВАКС, ки тақсими одилонаи ваксинаҳои зидди коронавирусро дар байни кишварҳои дорою нодор ба ҳадаф дорад, ба сурати ройгон беш аз 12 миллион вояи ваксина ба даст овардааст.

Ҳоло дар Тоҷикистон сокинонро ба  гирифтани вояи сеюми ваксина ташвиқ карда истодаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button