Хабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ РОНАНДАИ “МЕРСЕДЕС” БАР АСАРИ БАРХӮРД БО КАМАЗ ДАР РОҲИ ДУШАНБЕ – ХУҶАНД

Шаби 5 феврал, тахминан соати 23:30,  дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ дар роҳи Душанбе-Хуҷанд бар асари ба самти муқобил баромадан ва  ба мошини боркаши КАМАЗ бархӯрдани як “Мерседес”, ронандаи сабукрав, сокини 47-солаи ноҳияи Ҷ.Расулов ҷароҳатҳои вазнин бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Бино ба омори расмии ВКД Тоҷикистон, соли 2021 бар асари 1102 садамаи нақлиётӣ  дар роҳҳои ин кишвар 395 нафар ба ҳалокат расида, 1 218 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд.
хххххххххххх

Сокини 24-солаи сокини ноҳияи Деваштич ба он гумонбар  мешавад, ки моҳи ноябр аз корти “Душанбе Сити”и як зани сокини Конибодом 4 ҳазоу 332 сомониро дуздидааст. Ҳамчунин сокини 25-солаи қаблан ҳам барои дуздӣ судшудаи Ҳисор ба он гумонбар мешавад, ки соати яки шаби 23 ба 24 январ аз хонаи як зани сокини ноҳияи Рӯдакӣ ҷавоҳироти тиллоӣ ва асбоби сохтмониро дуздидааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 7 феврали маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ронанда дар пайи садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расид

009

5-уми феврали соли 2022, тахминан соати 23:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Нарзиқулов Бӯрибой Абдураҳмонович, соли таваллудаш 1975, сокини ноҳияи Ҷ. Расулов, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаннок», дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Камаз», таҳти идораи ронанда, Рабиев Баҳоваддин Исомиддинович, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Деваштич, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Нарзиқулов Б.А. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳолат таҳқиқот идома дорад.

Бино ба омори расмии ВКД Тоҷикистон, соли 2021 бар асари 1102 садамаи нақлиётӣ  дар роҳҳои ин кишвар 395 нафар ба ҳалокат расида, 1 218 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд.

Содир гардидани дуздӣ аз ҷониби ҷавонон

046

Ба ШВКД дар шаҳри Конибодом бо ариза зани 39-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи ноябри соли 2021 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз суратҳисоби корти бонкии ЧДММ ТАКХ «Душанбе-Сити» 4 ҳазору 332 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 24-солаи сокини ноҳияи Деваштич ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза зани 35-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 23 ба 24-уми январи соли 2022, тахминан соати 01:00, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ ва асбобҳои сохтмониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 10 ҳазору 900 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 25-солаи сокини шаҳри Ҳисор, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳолатҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button