ИқтисодХабарҳои кӯтоҳ

10 ТАРМА ДАР РӮШОНУ ИШКОШИМ ВА ШУҒНОН

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон  рӯзи 7 феврал хабар дод, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҳудуди ноҳияҳои Рӯшон, Шуғнон ва Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 10 ҳолати фаромадани тарма сабт шудааст. Оқибатҳои 7 тарма  алакай рафъ гардида, корҳо барои рафъи паёмадҳои 3 тармаи боқимонда дар Рӯону Ишкошим идома доштааст. КҲФ гуфт, дар натиҷаи ин 10 тарма, хушбахтона, ягон нафар осеб надида, ягон ҷо хароб нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, бино ба пешбинии Агентии ҳавошиносӣ, дар пайи боришоти ахири барф дар роҳҳои кӯҳистонии Тоҷикистон хатари баланди фаромадани тармаҳо боқӣ мемонад.

КҲФ гуфт, наҷотбахшони воҳиди зудамали ин ниҳод бо мақсади таъмини амнияти ронандагону мусофирон  дар роҳҳо ва расонидани кумаки оҷил дар ҳолатҳои фавқулодда ба навбатдории шабонарӯзӣ идома медиҳанд.  Ҳамчунин ниҳодҳои вазорати нақлиёт барои рафъи оқибатҳои тармаҳо ва дигар офатҳои табиӣ техникаи махсус ҷудо кардаанд.

КҲФ бори дигар аз сокинон хостааст, ки дар ин шабу рӯзи сардиву боришот аз сафарҳо, бахусус аз сафар ба манотиқи тармахез худдорӣ кунанд ва хеле ҳушёр бошанд.

Агентии ҳавошиносӣ  аз қабл ҳушдор дода буд, ки рӯзҳои 6 ва 7 феврал ҳаво дар Тоҷикистон ба шиддат аз 8 то 10 дараҷа сард шуда, дар манотиқи кӯҳистон барф меборад ва хатари фаромадани тарма ва яхбандон бахусус дар роҳҳои кӯҳистонӣ хеле боло меравад.

Дар ҳамин ҳол, ширкати IRS, масъули нигоҳубин ва пулчинӣ дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, ягона роҳи заминии байни шимол ва маркази Тоҷикистон, хабар дод,  ки бо вуҷуди боридани барф  роҳ кушода буда, вобаста ба зарурат барои гузариши “Фура”-ҳо ва нақлиёти боркаши притсепдор маҳдудият ҷорӣ мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button