ВидеоРӯйдодҳои БадахшонҲуқуқи инсон

МАРО БО ВИДЕОИ ДУРӮҒ СИЁҲ КАРДАНИАНД! ШИКОЯТИ ЖУРНАЛИСТ АНОРА САРКОРОВА

Журналисти шинохтаи тоҷик Анора Саркорова  рӯзи 30 январ дар саҳифааш дар Фейсбук аз як маъракаи бадном кардани ӯ тавассути паҳн кардани видеоҳои қалбакии шаҳвонӣ хабар дод.

 “Дар гуруҳҳои тоҷики Фейсбук мақомоти махсус видеоеро паҳн мекунанд, ки дар он рақси духтарон дар сауна сабт шудааст.

Дар матни зери видео навиштаанд, ки гӯё дар навор ман бошам.

Расман изҳор медорам, ки ин видео ба ман ягон рабте надорад.

Ҳар одами солимақл метавонад ду одами гуногунро аз ҳам фарқ кунад. Дар саҳифаи ман аксҳои ман гузошта шудаанд“, – навиштааст Анора Саркорова.

Анора Саркорова хабарнигори собиқи бахши русии ББС дар Тоҷикистон, баъди онки вазорати хориҷаи Тоҷикистон аккредитатсияи ӯро тамдид накард, аз имкони идомаи фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон маҳрум шуд. Ӯ ҳоло дар Аврупо ба сар мебарад.

Анора Саркорова дар матлабҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ сиёсати мақомоти Тоҷикистон нисбат ба зодгоҳаш – Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро танқид мекунад. Танқидҳои ӯ баъди ҳаводиси ахири Бадахшон шиддат гирифт. Ёдовар мешавем, ки дар поёни моҳи ноябр куштори сокини боздоштшудаи ноҳияи Роштқалъа Гулбиддин Зиёбеков мунҷар ба эътирозҳои густарда дар Хоруғ шуд.

Ахиран дар саҳифаҳои марбут ба “фермаи ҷавоб”, ки гуруҳҳои троллҳои рӯ ба ҳукуматро бо ин ном маъруф шудаанд, матлабҳо ва видеоҳо ба зидди ин журналист пайдо шуд.

Анора Саркорова мутмаин аст, ки дар паси ин маъракаи бадном кардани вай мақомоти махсуси Тоҷикистон истодаанд.

Мақомот расман чӣ гуна дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шудани видео ба зидди Анора Саркороваро шарҳ надодаанд.

Вале дар гузашта мавридҳои истифодаи “компроматҳои шаҳвонӣ” ба зидди рақибони сиёсӣ аз ҷониби чӣ тарафдорони ҳукумат ва чӣ тарафдорони оппозитсияи тоҷик мушоҳида шудааст.

Дар соли 2019 дар Интернет видеои маҳрамони як зани тоҷики фаъолро нашр карданд. Ин зан пеш аз ин моҷаро бо ташкили маъракаи ҷамъоварии имзоҳо дар зери петитсия ба номи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ноил шуд, то сабти номи дубораи симкортҳоро тамдид кунанд. Маълум шуд, ки ба пеши ӯ як марди ҷавонро фиристодаанд, ки дилашро ба даст биорад ва вақте он (но)мард ба ин муваффақ шуд, сабти мулоқотҳои ошиқонаи ҳардуро дар Интернет гузоштанд. Он фаъоли тоҷик расман ба мақомот муроҷиат кард, то гунаҳкоронро барои беобрӯ карданаш дар байни ҷомиа ба ҷавобгарӣ бикашанд. Вале то кунун дар бораи ин ки оё касе барои ин кор ҷазо гирифт ё не?, иттилое нашр нашудааст.

https://www.bomdod.com/ru/2022/01/30/tadzhikskaja-zhurnalistka-anora-sarkorova-soobshhila-o-kampanii-ee-ochernenija/

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button