ВидеоНомаҳо ба президентҲуқуқи инсонҶомеа

ВОКУНИШИ МУДИРИ ГИМНАЗИЯИ №8 БА МАҚОЛАИ ИХРОҶИ ИДРИС САМАДОВ АЗ ИН МАКТАБ

Шариф Шарифзода, директори Гимназияи хусусии “Кафолат”-и шаҳри Душанбе аз мақолаи нашршуда дар сомонаи “Бомдод” бо номи “Хонандаи аълохони гимназияи №8-ро аз мактаб хориҷ карданд” вокуниш кардааст. Дар номааш ба “Бомдод” Шариф Шарифзода менависад, ки дар гимназия барои фарзандони Мирзохӯҷа Самадов шароити боимтиёз фароҳам оварда шудааст, вале гимназия имкони пурра аз пардохти пули таҳсил озод кардани хонандагонашро надорад.  Ҳарчанд дар матлаби “Бомдод” интиқоде ба унвони маъмурияти гимназияи №8 барои тасмими ихроҷи Идрис Самадов набуд, вале мудири гимназия аз он дар ташвиш аст, ки зикр шудани номи мактаб дар моҷарои падари Идрис Самадов бо бонкҳо обрӯи ин мактабро метавонад доғдор кунад ва сабаби каҷфаҳмиҳо дар миёни хонандагон шавад.

Ба хотири риояи чандандешӣ посухи мудири гимназияи  №8-ро низ инҷо нашр мекунем.

Дуруд, муҳтарам Мирзои Салимпур.

Лутфан, ба Шумо маълум кардан мехоҳам, ки матлаби дирӯз дар бораи хориҷ шудани яке аз хонандагони гимназияи мо интишоркардаатон ноогоҳона ва дар асоси ғарази шахсии шаҳрванд Самадов Мирзохӯҷа навишта шудааст. Бояд донед, ки Гимназияи “Кафолат” муассисаи таълимии хусусӣ ба ҳисоб меравад ва буҷаи он пурра аз ҳисоби маблағҳои дар асоси шартномаи таҳсил пардохтшаванда асос меёбад. Ин муассиса аз ҳисоби буҷети давлат ягон дирҳам барои пешбурди кор ва муҳайё кардани шароити хуби таҳсил НАМЕГИРАД!

Он огоҳномаро мо ба 35 нафар волидоне, ки маблағи таҳсилро аз оғози таҳсил умуман насупоридаанд, ирсол кардем. Аммо ягон хонандаро аз дарс маҳрум накардем ва имрӯз ҳам фарзанди Самадов М. дар гимназия қарор дорад ва ҳоло ӯ дар дарс аст. Аз рӯи шартнома волидон бояд 50% маблағи таҳсилро моҳи август ва боқии онро то 20 декабри соли 2021 пардохт мекарданд, ки мутаассифона, ин ҷиҳат зери парда мемонад ҳамеша.

Баъдан, гимназия дар ҳаққи хонаводаи Самадовҳо дастгириҳои зиёд кардааст. Аз ҷумла, фарзандонаш Самадов Саддам ва Самадов Азиз – собиқ хатмкардагони гимназияро тариқи додани имтиёз аз ҳисоби пардохти маблағи таҳсил хонондааст. Илова бар ин фарзанди сеюми ин хонавода Самадов Идрис, ки Шумо дар хусуси ӯ мақола навиштаед, аз пардохти маблағи хӯрок (2350 сомонии солона) пурра озод карда шудааст.

Дигар ин ки дар ин гимназия беш 180 нафар хонандаи фаъолу аълохон, ғолибони олимпиадаҳои гуногуни фаннӣ таҳсил мекунанд, ки гимназия имконияти кӯмак кардан ба ҳамаи онҳоро НАДОРАД!

Мирзои Салимпур, худи Шумо, ки дар хориҷи кишвар кору фаъолият доред ва шарту шароити таҳсил дар муассисаҳои таълимии пулакиро хуб медонед, чаро аз қазия пурра огоҳ нашуда, номи муассисаи моро бо як матлаби нокомили худ доғдор кардан мехоҳед? Чаро назари роҳбарияти муассисаро дар матлаби худ наовардаед?Магар рӯзноманигори асил бе овардани фикру андешаи ҷонибҳо метавонад ва ин ё он масъаларо ба риштаи таҳлил кашад?

Дар умум, аз Шумо чанд талаб дорам:

1. Вокуниши моро дар нигоштаи худ ба инобат гиред.

2. Мушкили шаҳрванд бо бонк аст, пас мақола ва мазмуни онро ба муассисаи таълимӣ рабт надиҳед!

3. Аз шаҳрванд Самадов Мирзохӯҷа суол кунед, ки оё дар зиндагӣ манбаи даромад умуман надорад? Агар не, пас чаро фарзандашро дар мактаби хусусии пулакӣ мехононад? Фаъолнокии ӯ аз ҳама ҷиҳат аз тарафи муассиса қадрдонӣ шудааст, аммо иҷро нагардидани уҳдадорӣ ва масъулияти падарии ӯро чӣ метавон унвон кард?

Нигаронии ман аз он аст, ки унвони матлабатон бевосита ба кори мактаб рабт мегирад ва шарҳнависон ҳам асли қазияро нафаҳмида, мактабу муаллимро интиқод карда истодаанд. Ҳоло хонандаи имрӯз ҳавсалаи як матлабро пурра хондан ва қобилияти таҳлил карданро надорад. Аксари мардуми мо имрӯз аз сарлавҳаи мақолаҳое, ки рӯзноманигорон баъзан духӯра мегузоранд, хулоса мекунанд ва мазмуни мақоларо диққат намедиҳанд.

Беҳтар мешуд, ки номи мақоларо ҳам ба бонк ва мушкили Самадов М. бо бонк рабт медодед. Қазияи мактаб яке аз паёмадҳои нохуши ҳамкории ин шаҳрванд бо бонк асту бас. Бигзор мардум маблағҳои бо ҳар роҳ ёфтаашонро барои суди бемеҳнат ба даст овардан дар бонкҳои ноустувор нагузоранд ва тиҷорату фаъолиятҳои ҳалолу бехафвтареро пеша кунанд.

Боқӣ, барору комёбӣ насибатон!

Шариф Шарифзода, директори муассисаи таълимии Гимназияи хусусии “Кафолат”-и шаҳри Душанбе

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button