ВидеоСиёсатТоҷикистон

ШАҲБОЗИ АБРОР БА ҶОИ УСМОНЗОДА РАИСИ НАВИ ҲИЗБИ ДЕМОКРАТ ИНТИХОБ ШУД

Рӯзи 11 майи соли 2024 дар анҷумани 18-уми ғайринавбатии Ҳизби демократи Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода аз раҳбарии ин ҳизб барканор ва журналист Шаҳбози Аброр раиси нави демократҳо интихоб шуд. Худи Усмонзода дар анҷуман иштирок надошт.

Шаҳбози Аброр 34 сол дорад ва ҳамсоли Ҳизби демократ аст: ӯ 13 июни соли 1990, ҳамагӣ ду моҳ қабл аз таъсиси ин ҳизб ба дунё омадааст.

Худи Саидҷаъфар Усмонзода дар анҷуман иштирок надошт. Усмонзода дар нахустин вокунишаш ба қарорҳои анҷуман ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт, ин анҷуман бар хилофи оинномаи ҳизб даъват ва баргузор шудааст ва ба ин далел, ӯ  ин анҷуманро эътироф намекунад ва қарорҳои онро қабул надорад.

“Дар толор донишҷӯёнро аз кадом донишгоҳ оварда, ҳамчун вакили анҷуман нишон додаанд. Инҳо вакилони ҳизб набуданд дар ҳеҷ сурат. Аммо ҳоло бубинем, ки оё сохторҳои сиёсии раҳбарияти кишвар ба ин анҷуман чӣ баҳо хоҳанд дод ва оё вазорати адлия Шаҳбози Аброрро ҳамчун раиси нави ҳизб эътироф мекунад ё на?” – гуфт Саидҷаъфар Усмонзода, ягона вакили ҳизби демократ дар Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон.

Усмонзода қаблан гуфта буд, намедонад, кадом нирӯи манфиатҷӯе аз номи раҳбарони давлат гап зада, дар дохили ҳизби ӯ ихтилоф эҷод карда истодаанд. Гуфтанист, ки хабарҳои марбут ба ҷиноҳи мухолифи Усмонзода дар ҳизби демократро нашрияҳои расмии ҳукуматӣ, аз ҷумла “Ҷумҳурият” ва хабаргузории “Ховар” пайгирона нашр мекарданд.

Бино ба гузориши журналист Иршод Сулаймонӣ, ки дар анҷумани 18-уми ғайринавбатии Ҳизби демократи Тоҷикистон ҳузур дошт, ин анҷуман рӯзи шанбе, 11 май дар Душанбе дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи “Кангурт” доир шуд. Ба гуфтаи доиркунандагон, дар анҷуман 96 вакил аз 108 вакили интихобшуда иштирок карданд.

Дар анҷуман номзадии ду нафар: Шаҳбози Аброр, раиси ҳизби демократ дар шаҳри Душанбе, ва Абдуҷаббор Юлдошев, раиси демократҳои вилояти Суғд ба раисии ҳизб пешбарӣ шуд. Шаҳбози Аброр бо 64 овози тарафдор ва як мухолиф дар муқобили Юлдошев, ки 8 овози тарафдор ва 1 овози мухолиф ба даст овард, баранда шуда, раиси нави ҲДТ интихоб шуд.

Зӯҳро Мирзоева, як узви раёсати ҳизби демократ гуфт, онҳо аз Саидҷаъфар Усмонзода ҳам даъват карданд, ки ба анҷуман биояд ва номзадиашро бигузорад, вале ӯ розӣ наомад. Дар анҷуман чанд вакил, аз ҷумла Юлдошев, аз “кору раисӣ ва шеваи фаъолияти ҳизбии Усмонзода” изҳори норозигӣ кардаанд.

“Ховар” хабар дод, ки тибқи хулосаи Шӯрои сиёсии ҳизб, фаъолияти ҳизб дар давраи солҳои 2022-2024 ғайриқаноатбахш дониста шуд ва ба ин далел, пешниҳод шуд, ки дар ҳайати роҳбарикунандаи ҳизб тағйирот ворид карда шавад. Бино ба гузориши “Ховар”, дар баробари Шаҳбози Аброр ва Ҷаббор Юлдошев, номзадии Илёсиддин Саидҷаъфаров низ ба мақоми раиси ҳизб пешбарӣ шуд, вале Илёсиддин Саидҷаъфаров ихтиёран номзадиашро пас гирифт.

Шаҳбози Аброр, фарзанди нависандаи равоншод Аброри Зоҳир, бар асоси тарҷумаи ҳоли расмиаш, 13 июни соли 1990 таваллуд шуда, соли 2013 шуъбаи рӯзноманигории Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистонро хатм кардааст. Аммо собиқаи кории Шаҳбози Аброр хеле барвақттар, дар соли 2007 ҳамчун муҳаррир дар Китобхонаи шаҳрии ба номи Лоҳутӣ оғоз ёфта, соли 2009, вақте ки ӯ ҳамагӣ 19 сол дошт ва ҳанӯз донишҷӯ буд, ба мақоми сардабири маҷаллаи “Меҳвар” ва рӯзномаи “Истиқлол” расидааст.  Шаҳбози Аброр соли 2011, ки боз ҳам ҳанӯз донишҷӯ буд, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон шуда, аз сроли 2012 то 2013 ҳамчун муовини сардабир ва сипас сардабири нашрияи “Муҳоҷир” дар Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон кор кардааст.  Аз соли 2013 то 2016 ӯ дигарбора ҳамчун сардабири маҷаллаи “Меҳвар” ва рӯзномаи “Истиқлол” фаъолият карда, сипас ба “Ҷумҳурият”, нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон ба кор гузаштааст. Ӯ ҳоло дар киностудияи “Тоҷикфилм” сардори шуъба аст.

Дар тарҷумаи ҳоли расмиаш, ки соли 2020, ҳангоми пешбарии номзадиаш ба вакилии маҷлиси пойтахт нашр шуда буд, гуфта мешавад, ки Шаҳбози Аброр оиладор буда, 3 фарзанд дорад.

Ҳизби демократи Тоҷикистон 10 августи соли 1990 аз ҷониби Шодмон Юсуф ташкил шуда, аввалин ҳизби алтернативӣ дар баробари ҳизби ҳокими коммунист (КПСС) дар ҷумҳурӣ буд.

Ин ҳизб дар 34 соли таърихаш чандин табадуллотро пушти сар кардааст.

Дар аввали соли 1992 ду тан аз раҳбарони ҲДТ Мирзо Самиев ва Абдулло Очилов ба мавқеи мухолифати Шодмон Юсуф бо ҳукумати президент Раҳмон Набиев эътироз карда, кӯшиш карда буданд, ки Шодмон Юсуфро канор зада, раҳбариро ба дасти худ бигиранд.

Соли 1995 ҲДТ ба ду ҷиноҳи Душанбе ва АлмаАто ҷудо шуд, ки ба яке Саидҷаъфар Афзалӣ ва ба дувумӣ Ҷумъабой Ниёзов раҳбарӣ мекард.

Соли 2006, баъди боздошту ба 23 соли зиндон маҳкум шудани раиси вақти ҲДТ Муҳаммадрӯзӣ Искандаров Масъуд Собиров, ҷияни шоири шинохта Бозор Собир тарафдорони Искандаровро канор зада, худро раиси ҳизб эълон кард.

Соли 2012 дар ҲДТ боз як табаддулот сурат гирифт ва ин бор Саидҷаъфар Усмонзода Масъуд Собировро канор зада, раиси ҳизби демократ шуд.

Саидҷаъфар Усмонзода аз ангуштшумор вакилони парлумони Тоҷикистон аст, ки дар бораи масоили доғи кишвар бо ҷуръат изҳори назар мекунад. Усмонзода мегӯяд, ҳанӯз намедонад, ки кадом нирӯе ва барои чӣ дар фикри чаппа кардани ӯ аз раҳбарии ҳизби демократ шудааст?

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button