ВидеоИқтисодНомаҳо ба президентҲуқуқи инсонҶомеа

ХОНАНДАИ АЪЛОХОНИ ГИМНАЗИЯИ №8–РО АЗ МАКТАБ ХОРИҶ КАРДАНД

Мирзохӯҷа Самадов, як сокини Душанбе, ки инак 7 сол боз талош дорад, то 2 миллион сомонӣ пасандози худро аз бонки басташудаи «Тоҷпромбонк» пас бигирад, ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар дод, ки  азбаски пулаш дар бонк дармондааст, маблағи таҳсили писараш Идрисро дода натавонист ва ӯро аз гимназияи №8 (гимназияи “Кафолат)–и шаҳри Душанбе ба ин далел хориҷ кардаанд. Мирзохӯҷа Самадов мегӯяд, писараш яке аз хонандагони пешсафи ин мактаб буда, барои таҳсили аълову рафтори намунавиаш даҳҳо диплому ифтихорнома ба даст оварда буд ва аксаш тахтаи хонандагони беҳтарини гимназияро оро медод.

Дар огоҳиномае, ки маъмурияти гимназия ба Самадовҳо навиштааст, чунин омадааст:

“Муҳтарам волидон! Ба Шумо маълум менамоем, ки тибқи банди 4.2 шартномаи байни гимназия ва Шумо баимзорасида, дар соли таҳсили 2021-2022  маблағи таҳсили фарзандатон, хонандаи синфи 6А Самадов Идрис дар ҳаҷми 12 ҳазору 900 сомонӣ, ки бояд то 20 декабри соли 2021 ПУРРА супорида мешуд, то ҳол пардохт нагардидааст.

Мо дар ин хусус ба Шумо 28-уми декабри соли 2021 огоҳинома равон карда будем ва то санаи 11-уми январи соли 2022 муҳлат ҳам додем. Аммо Шумо масъулият ва уҳдадории худро дар назди муассиса то ҳол анҷом надодаед. Маълум менамоем, ки тибқи фармоиши директори гимназияи №8 аз 15.01.2022 фарзандатон аз гимназия хориҷ ва ба муассисаи таълимии маҳалли зист интиқол ёфтааст. Лутфан, аз пагоҳ маълумоти мазкурро ба инобат гиред.

МАЪМУРИЯТ”

Мирзохӯҷа Самадов мегӯяд, бори охир ба ӯ аз 2 миллион пасандози дар “Тоҷпромбонк” дармондааш моҳи декабр ҳамагӣ 500 сомонӣ доданд.

“Гоҳо 500 медиҳанд, гоҳе 800, ва агар хеле ҳиммат кунанд, моҳе 1000 сомонӣ.  Ман даҳҳо бор ба роҳбарони кишвар, аз ҷумла ба президент Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат кардам, ки ба ман кумак кунед, ки пули ҳаққи ҳалоли худамро аз ин бонк бигирам. Вале мутаассифона, касе ба додам нарасид. Президент дар вақташ мегуфт, ба хотири таъмини пешравии иқтисоди кишвар пулҳои худро дар бонкҳои ватанӣ гузоред Ман ҳам ба ҳамин суханони президент гӯш дода, тамоми молу мулкашро фурӯхтам ва дар бонк гузоштам. Имрӯз пули худамро гардонда намедиҳанд..” – мегӯяд Мирзохӯҷа Самадов.

“Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк” – ду бонки буҳронзадаро Бонки миллии Тоҷикистон моҳи феврали соли 2017 барҳам дод ва дар ҳарду муассисаи молиявӣ маъмурияти беруна ҷорӣ кард.   Ҷамшед Зиёев, раиси “Тоҷпромбонк” соли 2018 боздошт ва моҳи декабри соли 2020 ба 8 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шуд.

Як вазифаи асосии маъмурияти беруна аз ҳисоби дороиҳои бонк пардохт кардани пулҳои дар “Тоҷпромбонк” дармондаи муштариёнаш гуфта мешуд. Мирзохӯҷа Самадов мегӯяд, ин маъмурияти беруна 5 сол боз фаъолият дорад ва ахиран замони фаъолияташ бо қарори Додгоҳи иқтисодӣ боз тамдид шуд, вале мушкили онҳо ҳамчунон ҳалношуда боқӣ мондааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button