ВидеоНомаҳо ба президентРӯйдодҳои Бадахшон

5 ШАРТИ “КОМИССИЯИ 44” БА МАҚОМОТ: САРДОРИ КДАМ ВМКБ, САРДОРИ ШВКД ХОРУҒ БАРКАНОР ВА ИШТИРОКЧИЁНИ АМАЛИЁТ ДАР ДЕҲАИ ТАВДЕМ ҲАБС ШАВАНД!

Намояндагони ҷомиаи шаҳрвандии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз “комиссияи 44”, ки эътирозгарони шаҳри Хоруғ барои музокирот бо мақомот ва назорати ҷараёни иҷрои талабҳояшон интихоб кардаанд, дар назди мақомот 5 шарт ё талаб гузошта, гуфтаанд, то замони иҷро шудани ин талабҳояшон аз идомаи ҳамкорӣ бо мақомот даст мекашанд.

Мақомоти расмӣ шартҳои гузоштаи комиссияи 44ро то ҳол шарҳ надодаанд, вале дар дархости комиссияи намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ оиди воқеаҳои 25-28 ноябри соли 2021, ки бо имзои раиси ин комиссия Фаромӯш Иргашов ба номи сардори гуруҳи тафтишотии Прокуратураи генералии ҶТ Ҳокимзода Мансур навишта шудааст, чунин омадааст:

Дархости комиссияи намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ оиди воқеаҳои 25-28 ноябри соли 2021

Боздоштани ҳаракатҳои тафтишотӣ то иҷро намудани талабҳои зерин ба роҳ монда шавад:

  1. Гузаронидани ҳаракатҳои тафтишотии яктарафа аз тарафи гуруҳи тафтишотӣ вобаста ба қазияи рухдода дар деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа ва дар шаҳри Хоруғ дар санаҳои 25-28 ноябри соли 2021, ки тафтишот фақат нисбати шаҳрвандон ба роҳ монда шудааст ва баръакси ҳол, оиди куштори 3 нафар сокини ноҳияи Роштқалъа ва захмӣ гаштани 17 нафар захмишуда аз тири яроқи оташфишони мақомоти қудратӣ парванда кушода нашудааст.
  2. Озод намудани сардори КДАМ ВМКБ аз вазифаи ишғолшуда, бо хунукназарӣ дар иҷрои вазифа ва монеа эҷод намудан ба тафтишот ҳамчун шахси манфиатдор ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шавад.
  3. Ҳамаи кормандоне, ки дар амалиёти деҳаи Тавдем иштирок карда буанд, аз вазифаҳояшон озод карда шуда, нисбаташон чораҳои пешгирӣ дар намуди ҳабс интихоб карда шавад.
  4. Ҳамин хел ҳаракатҳо айнан нисбати кормандони сохторҳои қудратӣ, ки дар қазияҳои майдони И.Сомонӣ ва бинои ҳукумати ВКМБ иштирок карданд, ҷорӣ карда шавад.
  5. Кушодани парвандаи ҷиноятӣ нисбати сардори ШВКД шаҳри Хоруғ барои додани нишондодҳои бардурӯғ.

Ёдовар мешавем, рӯзи 25 ноябр марги Гулбиддин Зиёбеков, сокини деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа дар пайи боздошташ сабаби эътирозҳои густарда дар Хоруғ шуд, ки 4 рӯз: аз 25 то 28 ноябр давом кард. Мардум ҷасади Зиёбеков дар рӯи даст аввал дар кӯчаҳои Хоруғ раҳпаймоӣ карданд ва сипас дар майдони назди бинои ҳукумати вилоят ҷамъ омада, ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорони марги ӯро талаб карданд.

Дар рӯзҳои нооромиҳо дар Бадахшон боз ду сокини ин вилоят кушта ва дастикам 15 тани дигар захмӣ шуданд. Мақомот аз ҷароҳат бардоштани 12 корманди ниҳодҳои қудратӣ хабар доданд.

Эътирозгарон танҳо шоми 28 ноябр вақте хона ба хона пароканда шуданд, ки мақомот ваъдаи таҳқиқи муштараки қазияи марги Гулбиддин Зиёбековро доданд. Ба ин мақсад як гуруҳи махсуси иборат аз 20 намояндаи ниҳодҳои тафтишотӣ ва 6 намояндаи ҷомиаи шаҳрвандӣ низ ташкил шуд, вале бо гузашти беш аз якуним моҳ ягон нафари гумонбар дар марги Зиёбеков  муайян ва дастгир нашудааст. Дар байни ду рӯз барқарор кардани хатти алоқаи мобил ва Интернет дар Бадахшон, ки як ваъдаи дигари мақомот дар ивази холӣ кардани майдон ба эътирозгарон буд, низ бо гузашти қариб ду моҳ иҷро нашудааст.

Аъзои комиссияи 44 қаблан дар як муроҷиат ба президент Эмомалӣ Раҳмон аз он норозигӣ карда буданд, ки мақомот тафтиши парвандаҳои латтукӯби кормандони ниҳодҳои қудратӣ ва ҳатто буридани дарахтонро дар ҷои аввал гузошта,  тафтиши парвандаи куштаву захмӣ шудани сокинони Бадахшонро ба боди фаромӯшӣ супурдаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button