ВидеоИқтисодХабарҳои кӯтоҳ

РОҲИ ДУШАНБЕ – ХУҶАНД БОЗ ШУД, ВАЛЕ ФЕЪЛАН ФАҚАТ БА ЯК САМТ (ВИДЕОИ ЛАҲЗАИ ФАРОМАДАНИ ТАРМА)

Ширкати IRS, масъули нигоҳубин ва пулчинӣ дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, ягона роҳи заминии байни шимол ва маркази Тоҷикистон, субҳи 18 январ хабар дод,  ки “тармаҳои сершумор, ки шурӯъ аз субҳи дирӯз дар роҳи Душанбе – Чанок фаромада буданд, бартараф гардида, чанд лаҳза пеш ҳаракати нақлиёт аз самти Хуҷанд ба Душанбе оғоз гардид. Кормандони филиали Ширкат талош доранд, то дар наздиктарин фурсат гузариши нақлиёт аз ҳар ду ҷониб имконпазир гардад.”

Хотиррасон мекунем, ки бар асари фаромадани тарма роҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ аз субҳи 16 январ баста буд. Гуфта мешуд, рӯзҳои 16 ва 17 январ дар километрҳои 62500, 64500, 65500, 66, 68, 69, 70, 72, 73 ва 74  роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд дар мавзеъҳои Майхӯра, Ҳушёрб ва Уштури ноҳияи Варзоб тарма фаромада, нимаи дуюми рӯзи 17 январ як тармаи бузурги бараш 10 метр ва тӯлаш 600 метр дар километри 65 фаромада, роҳро батамом баст.

Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон аз қабл ҳушдор дода буд, ки аз 15 то 20 январ дар водиҳои ин кишвар боридани борон ва аз 17 то1 9 январ дар ноҳияҳои кӯҳистон ва баландкӯҳ боридану барфу борон пешбинӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо барфрезиҳои шадид низ пешбинӣ шудааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда рӯзи 17 январ гуфт, ҳамоно дар роҳҳои  Душанбе – Хуҷанд, Душанбе – Рашт, Душанбе – Сангвор, Душанбе – Лахш, Кӯлоб – Дарвоз, Ванҷ – Хоруғ, Хоруғ – Ишкошим, Хоруғ – Мурғоб хатари лағзиши тармаву резиши санг боқӣ мондааст. Ин кумита аз ронандагон хостааст, ки  дар роҳҳои кӯҳистон аз ҳадди аксари эҳтиёт кор бигиранд ва бидуни зарурати оҷил ба роҳ набароянд.

Дар сурати ба вуҷуд омадани ҳолати фавқулода метавонед бо ин рақамҳо занг занед ва кумак хоҳед:

– Навбатдори масъули Кумита -112, 221-91-19, 223-13-11;

– Навбатдори масъул дар шаҳри Душанбе  – 225-44-62, 225-44-76

– Навбатдори масъул дар ВМКБ – рамз 3522 тел: 24057, 22744

– Навбатдори масъул дар вилояти Суғд – рамз 3422 тел: 51555, 57995

– Навбатдори масъул дар вилояти Хатлон – рамз 3222 тел: 23505, 27827

– Навбатдори масъул дар ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб – рамз 3322 тел: 21656, 21657

– Навбатдори масъул дар минтақаҳои ноҳияҳои Рашт – рамз 3131 тел: 22374

– Навбатдори масъул дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Ҳисор – рамз 3139 тел: 26074

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button