ВидеоНомаҳо ба президентҶомеа

ЗАНОЗАНИИ БАЧАҲОИ БОЛО ДАР НАЗДИ ТАРАБХОНАИ OK&BAR ДАР ШАБИ СОЛИ НАВ (ВИДЕО)

Дар шаби Соли нав як гуруҳи фарзандони мансабдорони болонишин дар назди тарабхонаи ОК&Bar  дар маркази шаҳри Душанбе занозанӣ кардаанд. Дар видеое, ки ба дасти идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” расид, дида мешавад, ки чӣ гуна чанд нафар ба сурати гуруҳӣ як нафарро латтукӯб мекунанд.

Манбаи “Бомдод” хабар дод, ки Қаландаров Руслан, Убайдуллоев Сиёвуш, Зокиров Азиз, Каримов Исмоил ба сурати гуруҳӣ ҷавони дигареро бо номи Сулаймон ҳамакаса  зада, биниашро шикастанд. Ӯ афзуд, ки мақомот онҳоро то шуъба бурданд, вале зуд ҷавоб доданд.

Ба гуфтаи манбаи “Бомдод”, ки ба далели ҳассосияти мавзӯъ аз бурдани номаш худдорӣ кард,  ин ҷавононе, ки дар назди тарабхонаи ОК&Bar  занозанӣ карданд, дар ҳамаҷо худро дӯстони Сомони Эмомалӣ, писари хурдии президент Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ карда, даст ба “беспредел” мезананд.

“Рақамҳои мошинҳои ҳамааш якхел аст: 10 20, кормандони ГАИро ноҳурматӣ мекунанд, манъ намекунанд, оинаҳои пеши мошинҳояшонро “наповал” плёнкаи сиёҳ часпонда, тонировка кардаанд, бо “мигалка” мегарданд дар маркази Душанбе, ягон кас ба тарафашон безеб нигоҳ кунад, ҳамакаса мезананд. Дар шуъбаҳои милитсия касе чизеашон гуфта наметавонад”, – нақл кард ҳамсуҳбати “Бомдод”.

Мақомот расман дар бораи занозанӣ дар назди тарабхонаи ОК&Bar   то кунун иттилое нашр накардаанд.

Сомони Эмомалӣ 22 сол дорад. Исми ӯ қаблан чанд дафъа дар сархатти ахбори расонаҳои тоҷикӣ қарор гирифта буд. Бори аввал соли 2012, вақте писари хурдии президенти Тоҷикистон дар синфи 7-уми мактаби байналмилалии Душанбе (собиқ литсейи туркӣ) таҳсил мекард, расонаҳо гузориш доданд, ки Сомони Эмомалӣ ҳамроҳи ҳамсабақаш Исрофил Исмоилов барои сохтани барномаи роёнаӣ (компютерӣ) бо номи “Луғатнома бо чаҳор забон” дар як сабқати байналмилалии байни хонандагони мактабҳо дар Руминия сазовори медали тилло шудаанд.

Соли 2014 мақомоти Агентии мубориза бо коррупсия як ҳамсинфи Сомони Эмомалӣ бо номи Хушдил Қурбоновро бо иттиҳоми қаллобӣ дастгир карданд. Гуфта мешуд, ки Хушдил Қурбонов ҷияни Анвар Қурбонов, роҳбари корхонаи текстили Душанбе, худро писари президент муаррифӣ карда, ҳамроҳи хешовандаш Ҷӯрахон Холов аз Маҳмадризо Раҷабов ном шаҳрванд дар ивази ваъдаи ҷудо кардани 30 сотих замин дар ҳудуди ҷамоати Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ 50 ҳазор доллар гирифтаанд. Моҳи майи соли 2015 мақомот эълон карданд, ки Хушдил Қурбонов зарарҳои расондааш, аз ҷумла 50 ҳазор доллари Раҷабовро барқарор карда, ба ин далел мавриди афв қарор гирифтааст ва дубора ба таҳсил ба мактаби байналмилалии Душанбе баргаштааст.

8 марти соли 2017 хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон бори аввал чанд акси Сомони Эмомалиро дар канори падараш Эмомалӣ Раҳмон ва бародари калониаш Рустами Эмомалӣ дар як маъракаи ниҳолшинонӣ дар шаҳри Душанбе нашр кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. эээ ин чи гап хаст, авбошиву чангу терорист факат дар Бадахшон хаст тамом, дигаминатакахои Точикистон оромист ку, темболе фарзандони коркунони баланпойаи ТОЧИКИСТОН хеч махал гайри конуни кор намекунанде, недухтара дар битон заливат мекунанд, непод кайф мошинхояшонро ганят мекунад, не одамора бо мошин мезананд, недухтарора тачовуз мекунад, неодамора да Варзоб ва дига чохо мекушанд, не кудакора дуздида барои орган месупоранд не не боз хам не. ИН корора факат дар Бадахшон Бадахшоние мекунад. ана гапи ин руза дар радио телевизор ва интернетхо

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button