ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ТАРМА ДАР ИШКОШИМ РОҲРО БАРОИ ЧАНД СОАТ БАСТ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 2 январ дар натиҷаи фаромадани тарма дар ҳудуди деҳаи Дижори ҷамоати Қозидии ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаракати нақлиёт дар километри 51-53 роҳи Хоруғ – Ишкошим муваққатан қатъ гардид. Бино ба иттилои ин идора, барои рафъи оқибатҳои тарма аз ҷониби вазорати нақлиёт техникаи махсус ҷудо карда шуд ва дар натиҷа, роҳро алакай аз тарма пок кардаанд ва ҳаракати нақлиёт низ барқарор карда шудааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор додааст, ки бар асари боришоти ахир ва боло рафтани ҳарорати ҳаво дар навоҳии кӯҳистон тобеи ҷумҳурӣ ва дар қисмати ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон эҳтимоли зиёди фарммандани тарма, сангрез, сел ва ҳамчунин ях бастани роҳҳо дар ағбаҳо  ва қисматҳои кӯҳистонӣ вуҷуд дорад. Ҳамчунин дар водиҳо ва доманакӯҳҳо эҳтимоли тормеғ, яъне туман, хеле зиёд аст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда  ба ин далел аз сокинон бори дигар хост, ки аз сафар ба минтақаҳои тармазо, аз рафтан ба ғунучини ҳезум ва дигар зироат дар манотиқи кӯҳистон ва доманакӯҳҳо, ҳамчунин аз чаронидани чорво ва рафтан ба шикор дар ин рӯзҳо худдорӣ кунанд.

Аз ронандагони хоста мешавад, ки пеш аз баромадан ба сафар дар бораи вазъиёти роҳи интихобкардаашон маълумоти мукаммал ҷамх биоранд, ҳангоми ҳаракат дар кӯҳистон ва қисматҳои хатарноки ршҳ фосилаи байни мошинҳоро қатъиян риоя кунанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз сокинон хостааст, ки аз ҳадди акксари эҳтиёт кор бигиранд ва дар сурати пеш омадани ягони вазъияти фавқулодда бо ин рақамҳо тамос бигиранд: 112 ваё +992 93 880 28 19.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button