СЕ ДАСТА: “ПОКИЗА” (ДУШАНБЕ), “ГУЛИСТОН” (ГУЛИСТОН) ВА “САРҲАДЧӢ” (ҲАМАДОНӢ) БА ЛИГАИ ЯКУМ РОҲХАТ ГИРИФТАНД

Дар шаҳри Душанбе марҳилаи ниҳоии чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи дуюм ба анҷом расид. Дар мусобиқаи мазкур чор дастаи ғолиби марҳилаи минтақавӣ — «Покиза»-и шаҳри Душанбе, «Гулистон»-и шаҳри Гулистон, «Сарҳадчӣ»-и ноҳияи Ҳамадонӣ ва «Меҳргон»-и ноҳияи Нуробод барои соҳиб шудан ба се роҳхати ҳаққи иштирок дар лигаи якуми Тоҷикистон-2022 миёни ҳам рақобат намуданд.

Тибқи қуръакашӣ ҷуфтҳои бозиҳои нимниҳоӣ созмон дода шуданд. Дар бозиҳои нимниҳоӣ дастаҳои футболи  «Гулистон» ба «Покиза» бо ҳисоби 5:4 ва «Сарҳадчӣ ба «Меҳргон» бо ҳисоби 3:1 дастболо шуданд. Дар бозӣ барои ҷои сеюм  дастаи «Покиза» бо ҳисоби 3:1 дастаи футболи  «Меҳргон»-ро мағлуб намуд. Дар бозии ниҳоӣ дастаи «Гулистон»-и шаҳри  Гулистон бо ҳисоби 2:0 дастаи футболи «Сарҳадчӣ»-и ноҳияи   Ҳамадониро мағлуб намуд.

Ба ин тартиб, дастаҳои футболи   «Гулистон»-и шаҳри  Гулистон, «Сарҳадчӣ»-и ноҳияи Ҳамадонӣ  ва «Покиза»-и шаҳри Душанбе  соҳиби роҳхат ба лигаи якуми Тоҷикистон дар мавсими соли оянда шуданд.

Дар маросими ҷамъбасти мусобиқа ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ва директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Шоқурбонов иштирок намуда, ҷоизаҳоро ба ғолибон тақдим карданд.

Марҳилаи ниҳоии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи дуюм

Бозиҳои нимниҳоӣ

«Гулистон» (Гулистон) – «Покиза» (Душанбе) – 5:4

«Меҳргон» (Нуробод) – «Сарҳадчӣ» (Ҳамадонӣ) – 1:3

Бозӣ барои ҷои сеюм

«Покиза» (Душанбе) – «Меҳргон» (Нуробод) – 8:2

Финал

«Гулистон» (Гулистон) – «Сарҳадчӣ» (Ҳамадонӣ) – 2:0

Тарҷума: АМИТ Ховар

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button