ВидеоМуҳоҷиронРӯйдодҳои БадахшонСиёсат

ЭЪТИРОЗИ ЗОДАГОНИ БАДАХШОН ДАР НАЗДИ САФОРАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАСКАВ

Бегоҳи 25 ноябр садҳо нафар аз зодагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар назди бинои сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав намоиши эътирозӣ барпо карданд. Ин эътироз дар пайи амалиёти вижаи мақомоти қудратии Тоҷикистон дар Бадахшон буд, ки бар асари он, бино ба хабарҳо, дастикам як нафар кушта шуда, чанд тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Эътирозгарон дар Маскав аз мақомоти Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашондани омилони тирпаррониҳои ахир дар Бадахшон ва ҳамчунин барқарор кардани иртиботи мобилӣ ва Интернет бо ин вилоятро талаб карданд. Онҳо мегӯянд, мақомот дар пайи нооромиҳои рӯзи 25 ноябр хатти алоқаи мобил ва Интернетро бо Бадахшон қатъ кардаанд ва онҳо дар мусофират наметавонанд аз аҳволи наздикони худ хабар бигиранд.

Ба гуфтаи эътирозгарон, роҳбарони сафорат онҳоро қабул кардаанд ва сафир ваъда додааст, ки муроҷиатномаашро сабт кунанд ва ӯ ба роҳбарони Тоҷикистон онро мерасонад.

Сокинони Бадахшон нимарӯзии 25 ноябр ҷасади кафанпечи Гулбиддин Зиёбеков, сокини 29солаи деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа дар рӯи даст дар кӯчаҳои Хоруғ раҳпаймоӣ карда, сипас бо талаби ба ҷавобгарӣ кашондани гунаҳкорони марги ӯ дар назди бинои ҳукумати вилоят гирди ҳам омаданд.

Прокуратураи ВМКБ дар як изҳорот гуфт, Зиёбеков барои гаравгон гирифтани корманди прокуратураи ноҳияи Роштқалъа дар ҷустуҷӯ қарор дошт ва ҳангоми боздошт муқовимати мусаллаҳона нишон дод. Прокуратура гуфт, ки аз вай як пистолети ПМ бо 5 тир гирифта шуд. Вале сокинони Тавдем гуфтанд, ки ӯ ягон силоҳ надошт. Ба гуфтаи сокинон, намояндагони мақомот ба зидди ду сокини дигари Тавдем ҳам, ки рафтори онҳоро ғайриқонунӣ номиданд, тир кушода, ҳардуро захмӣ кардаанд.

Бино ба фарзияи тафтишот, Зиёбеков Г.З. бо ҳамдастонаш аз гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, 1 феврали соли 2020 ёрдамчии Прокурори ноҳияи Роштқалъа Абирзода А.-ро гаравгон гирифта, дар  деҳаҳои Анҷим ва Барҷангали ҳамин ноҳия муддати 8 соат мавриди латукӯб ва шиканҷа қарор дода буданд. Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Зиёбеков Г.З. ва ҳаммаслаконаш аз тарафи Прокуратураи ВМКБ  парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид. Вале ӯ ва шарикони ҷиноятпешааш даъватҳои чандинкаратаи мақомоти тафтишотиро нодида гирифта, барои додани нишондод ҳозир нашуданд. Аз ин рӯ, дар кофтукови расмӣ қарор доштанд.

Вале фарзияи сокинони Бадахшон аз ин фарзияи мақомот фарқ мекунад. Онҳо гуфтанд, ки соли гузашта як корманди прокуратураи ноҳияи Роштқалъа, ки зодаи вилояти Хатлон будааст, ба як духтар аз Шоҳдара дил баста, чанд дафъа ба вай паёмҳои ошиқона фиристода, ҳамчунин дар роҳ чанд бор пеши роҳашро гирифта, изҳори ишқ кардааст. Духтар ба хешу табораш шикоят кардааст ва онҳо он корманди прокуратураро якҷоя латтукӯб кардаанд. Он вақт дар Интернет навори он корманди прокуратура ҳам нашр шуда буд, ки аз мардуми Бадахшон узр мепурсад.

Он муноқиша дар соли 2020 бо миёнаравии раиси вақти вилоят Ёдгор Файзов бо роҳҳои мусолиматомез ҳал шуда буд ва он корманди прокуратураро ба ноҳияи дигар гузаронда буданд.

Аммо баъди барканори Ёдгор Файзов парвандаи латтукӯби корманди додситониро аз сар гирифта, ахиран чанд сокини Шоҳдараро бо иттиҳоми латтукӯби намояндаи ҳокимият дастгир кардаанд. Яке аз онҳо ҳамин Гулбуддин Зиёбеков буд.

Гулбуддин Зиёбеков, ки 29 сол дошт, аз нафарони пурнуфуз дар минтақаи Шоҳдара  ва аз афроди наздик ба Амриддин Аловатов, яке аз лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон ба шумор мерафт. Ӯ солҳои пеш дар Русия дар муҳоҷирати корӣ қарор дошт ва варзишгар ҳам буд, вале баъди ихроҷаш аз Русия дар Шоҳдара кору зиндагӣ мекард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button