ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ЯК НОБОЛИҒ ДАР ДУШАНБЕ АЗ ДОХИЛИ “ОПЕЛ” 18 ҲАЗОР СОМОНӢ ДУЗДИДААСТ

Ноболиғи 16-солаи сокини ҷамоати Сангтӯдаи ноҳияи Рӯдакӣ ба он гумонбар мешавад, ки соати дуи шаби 23 ба 24 ноябр дар кӯчаи Шевченкои пойтахт аз даруни мошини “Опел Астра”-и як сокини Сангвор 18 ҳазор сомониро дуздидааст.

хххххххххх

Сокини 31-солаи пойтахт ба он гумонбар мешавад, ки моҳи феврали соли 2020 бо ваъдаи ба номаш ҳуҷҷат карда додани як манзил дар кӯчаи И.Сомонӣ аз як сокини 30-солаи ноҳияи Сино 41 ҳазор доллар гирифта, то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст.

хххххххххххххххх

Сокини 36-солаи ҷамоати Пӯлотон дар Конибодом ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 31 август мошини тамғаи «Опел-Зафира»-и сокини 60-солаи Пӯлотонро 41 ҳазор сомонӣ нарх карда гирифта,  мошинро 35 ҳазору 500 сомонӣ фурӯхта, пулашро то ҳол надодааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 25 ноябри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Дастгир гардидани ноболиғ бо ҷурми дуздӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 31-солаи сокини ҷамоати деҳоти Дарбанди ноҳияи Сангвор муроҷиат намудааст, ки шаби 23 ба 24-уми ноябри соли 2021, тахминан соати 02:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи шахсиаш тамғаи “Опел-Астра”, ки дар кӯчаи Шевченкои пойтахт беназорат меистод, 18 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 16-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сангтӯдаи ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани кирдорҳои қаллобӣ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 30-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 16-уми феврали соли 2020, дар назди бинои истиқоматиаш марди 31-солаи сокини ҳамин ноҳия бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 41 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш аз кӯчаи И.Сомонӣ як манзили истиқоматиро ба номаш ҳуҷҷатгузорӣ карда медиҳад, аммо ваъдаашро то ҳол иҷро накардааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Инчунин, парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати марди 36-солаи сокини ҷамоати деҳоти Пӯлотони шаҳри Конибодом оғоз карда шудааст. Номбурда 31-уми августи соли 2021, бо роҳи фиреб ба боварии марди 60-солаи сокини ҷамоати деҳоти Пӯлотон даромада, аз ӯ автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира»-ро, ба маблағи 41 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, аввалҳои моҳи сентябри соли 2021, ба марди 26-солаи сокини ҳамин шаҳр ба маблағи 35 ҳазору 500 сомонӣ фурӯхта, маблағи ба даст овардаро ба эҳтиёҷоти худ сарф намудааст.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button