Минтақа ва ҷаҳонҶомеа

ДАР АЛМА-АТО ЯК ЗАН ХУДАШРО БО СЕ КӮДАКАШ АЗ ҚАБАТИ НӮҲУМ БА ЗАМИН ПАРТОФТААСТ (ВИДЕО)

Дар шаҳри Алма-Атои Қазоқистон як ҷавонзани 28-соларо худро аз қабати нӯҳуми бинои истиқоматӣ ҳамроҳи 3 кӯдакаш ба замин партофта, худкушӣ кардааст. Модар ва ҳар се кӯдакаш ҷон бохтаанд. Департаменти пулиси Алма-Ато хабар дод, ки дар робита ба ин  ҳодиса бар асоси моддаи 105 Кодекси ҷиноятии Қазоқистон (худкушӣ) парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Пулис бояд аз ҷумла муайян кунад, ки кӣ ин занро ба ҳолате овард, ки даст ба чунин як амали фоҷиабор зад?

Ҳодиса рӯзи 22 22 ноябр дар касаба, ё микрорайони “Жетису” рӯй дода, як ҷавонзани соли таваллудаш 1993 ҳамроҳи се кӯдаки хурдсолаш, солҳои таваллудашон 2015, 2016 ва 2019 худро аз тирезаи қабати нӯҳуми бино ба замин партофтааст. одов рождения. Женщина и двое детей погибли на месте происшествия. Еще один ребенок скончался в карете скорой помощи”, – говорится в Дар иттилоияи расмии пулис  гуфта мешавад, ки модар ва ду кӯдакаш билофосила баробари ба замин афтодан ҷон бохтаанд ва кӯдаки сеюм дар дохили мошини “Ёрии таъҷилӣ” аз дунё гузаштааст.

Пулиси Алма-Ато гуфт, тибқи арзёбиҳои муқаддамотӣ, ин зан бо сабаби маишии оилавӣ даст ба чунин амал зада, як номаи пеш аз марг низ боқӣ гузоштааст. Муҳтавои номаи ӯ ҳанӯз нашр нашудааст.

Яке аз ҳамсояҳои зане, ки худхушӣ кард, ба хабаргузории Тенгринюс гуфт, табибон талош карданд, ки кӯдаконро наҷот диҳанд, вале ду кӯдак аслан нафас намекашиданд. Як ҳамсояи дигар аз қавли шоҳидон хабар дод, ки зан аввал ҳарсе кӯдакашро аз тиреза ба берун ҳаво дода, сипас худашро партофтааст.

Чунин ҳодисаҳои худкушии ҳамроҳи фарзандон қаблан ҳам рӯй дода буд. Аз ҷумла соли 2016 дар Тоҷикистон Зӯҳро ном як зани 25-сола 4 духтарашро дар дарё ғарқ карда, сипас худкушӣ кард. Дар додгоҳ гуфта шуд, ки ин занро хушдоманаш барои паиҳам 4 духтар ба дунё оварданаш зери борони таънаву маломат қарор дода буд ва Зӯҳро ба ин таҳқиру пастзаниҳо дигар тоб наоварда, худашро ҳамроҳи фарзандонаш кушт. Фарзандони хурдии ӯ, ки дугоник буданд ва Кибриёву Хадиҷа ном доштанд, ҳанӯз ҳатто дусола ҳам нашуда буданд…

Манбаъ: Настоящее Время

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button