МУҲОҶИРБАЧА БА ДИДОРИ “НАТАША” МЕРАФТ, ВАЛЕ ЗЕРИ МУШТУ ЛАГАТ АФТОД…

Пулиси ноҳияи Неваи шаҳри Санкт-Петербурги Русия ғоратгаронеро меҷӯяд, ки бегоҳи 21 ноябр як шаҳрванди 31-солаи Тоҷикистонро аз номи “Наташа” ном духтар ба дом афтонда, ба мулоқоти ошиқона даъват кардаанд ва ӯро шадидан латтукӯб ва бо корд захмиӣ карда, ду дандонашро зада шикастаанд ва сумкаашро бо 8 ҳазор рубл бо зӯрӣ аз дасташ кашида гирифта, фирор кардаанд. Бино ба иттилои манобеи хабаргузории маҳаллии «Оперативное прикрытие»  дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқии Петербург, марди тоҷик дар шаҳраки Металлострой зиндагӣ мекард ва тавассути мессенҷери Телеграм бо нафаре, ки худро духтар ва номашро “Наташа” муаррифӣ кардааст, шинос шудааст. Баъди шиносоӣ ӯ ба “Наташа” пешниҳоди мулоқот додааст ва “Наташа” ин пешниҳодро пазируфта, суроғаашро ба ин марди тоҷик фиристода, гуфтааст, ки ба хонаи ӯ биояд.

Бегоҳи 21 ноябр, тахминан соати 17, ин марди тоҷик ба мулоқоти ошиқона ба “Наташа” ба бинои №47 дар хиёбони Шлисселбург, воқеъ дар шаҳраки Рибатское омадааст. Вақте ки ӯ аз лифт дар қабати дуюми бино берун мешуд, ба ҷои “Наташа” ӯро як марди ҳузарби курткаи сиёҳ дар тан бо як зарбаи мушт ба ноҳияи биниаш “пешвоз” гирифтааст.

 Ҷабрдида ба пулис нақл кардааст, ки он мард ӯро то кӯча зада-зада бурд ва сипас аз ҷайбаш корд бароварда, чанд зарба ба тарафаш бо корд андохт ва сумкаи дасташро бо зӯрӣ кашида гирифта, аз ҷои ҳодиса фирор кард. Дар даруни сумка ҳуҷҷатҳои ин шаҳрванди Тоҷикистон ва 8 ҳазор рубл (муодили каме бештар аз 100 доллар) будааст.

«Мойка78», як сомонаи хабарии дигари Петербург хабар дод, ки кормандони пулис ҳамлагарро ҷустуҷӯ доранд, вале муҳоҷири ҷабрдидаро дар бемористон бистарӣ кардаанд. Ӯ аз ноҳияи бинӣ ва панҷаҳои дасташ захмӣ корд хӯрда, ҳамчунин ду дандонаш шикаставу мағзи сараш ҳам ҷунбидааст. Вале табибон дар умум вазъи саломатии ӯро муътадил арзёбӣ мекунанд.

Дар робита ба ин қазия бар асоси қисми дуюми моддаи 162 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми ғоратгарӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Вале дар бинои №47 дар хиёбони Шлисселбург видеокамераи назоратӣ набудааст ва ин ҷустуҷӯи ҳамлагарро мушкилтар мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

2 Comments

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button